“Тоҷик Эйр” мусофирони дар Внуково дармондаи “ЮтЭйр”-ро ба Душанбе овард

Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” бо хатсайри махсуси тиҷоратӣ рӯзи 25 март соати 18:45 бо 206 нафар шаҳрвандони Русия ба Маскав парвоз кард. Дар ин бора сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар парвози бозгашт аз фурудгоҳи Домодедово наздики 200 нафар, аз ҷумла, 132 мусофири хатсайри ширкати ҳавопаймоии “ЮтЭйр”, ки бояд ба Тоҷикистон парвоз мекарданду бинобар қатъи парвозҳои байнулмилалӣ ба кишвар, дар фурудгоҳи Внуково монда буданд, ба Душанбе оварда шуданд.

Дар маълумоти сафорат қайд мешавад, ки ширкати ҳавопаймоии “ЮтЭйр” интиқоли мусофиронро аз фурудгоҳи Внуково ба фурудгоҳи парвоз – Домодедово аз ҳисоби худаш таъмин кардааст.

Тавре “Азия-Плюс” аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе огаҳӣ ёфт, рӯзи 26-уми март иҷрои парвоз бо хатсайри махсус ба Маскав пешбинӣ нашудааст.

Айни замон масъалаи 27-уми март аз ҷониби ширкати “Тоҷик Эйр” анҷом додани парвози махсус ба Маскав баррасӣ мешавад.

Аммо ҳукумати Русия дар бораи қатъи парвозҳо бо хатсайри кишварҳои хориҷӣ қарор қабул кард. Аз ин рӯ, иҷро шудани парвоз бо ин хатсайр ҳоло дақиқ маълум нест. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...