“Тоҷик Эйр” мусофирони дар Внуково дармондаи “ЮтЭйр”-ро ба Душанбе овард

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” бо хатсайри махсуси тиҷоратӣ рӯзи 25 март соати 18:45 бо 206 нафар шаҳрвандони Русия ба Маскав парвоз кард. Дар ин бора сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар парвози бозгашт аз фурудгоҳи Домодедово наздики 200 нафар, аз ҷумла, 132 мусофири хатсайри ширкати ҳавопаймоии “ЮтЭйр”, ки бояд ба Тоҷикистон парвоз мекарданду бинобар […]

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” бо хатсайри махсуси тиҷоратӣ рӯзи 25 март соати 18:45 бо 206 нафар шаҳрвандони Русия ба Маскав парвоз кард. Дар ин бора сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар парвози бозгашт аз фурудгоҳи Домодедово наздики 200 нафар, аз ҷумла, 132 мусофири хатсайри ширкати ҳавопаймоии “ЮтЭйр”, ки бояд ба Тоҷикистон парвоз мекарданду бинобар қатъи парвозҳои байнулмилалӣ ба кишвар, дар фурудгоҳи Внуково монда буданд, ба Душанбе оварда шуданд.

Дар маълумоти сафорат қайд мешавад, ки ширкати ҳавопаймоии “ЮтЭйр” интиқоли мусофиронро аз фурудгоҳи Внуково ба фурудгоҳи парвоз – Домодедово аз ҳисоби худаш таъмин кардааст.

Тавре “Азия-Плюс” аз Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе огаҳӣ ёфт, рӯзи 26-уми март иҷрои парвоз бо хатсайри махсус ба Маскав пешбинӣ нашудааст.

Айни замон масъалаи 27-уми март аз ҷониби ширкати “Тоҷик Эйр” анҷом додани парвози махсус ба Маскав баррасӣ мешавад.

Аммо ҳукумати Русия дар бораи қатъи парвозҳо бо хатсайри кишварҳои хориҷӣ қарор қабул кард. Аз ин рӯ, иҷро шудани парвоз бо ин хатсайр ҳоло дақиқ маълум нест. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.