Муҷозоти зане, ки аз тирезаи хонааш дар маркази пойтахт партовро ба берун мепартофт

Дар шаҳри Душанбе нисбат ба зане, ки аз тирезаи хонааш дар маркази Душанбе партовро ба берун мепартофт, парвандаи маъмурӣ оғоз шуд. Тавре дар сомонаи Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дода мешавад, ин амали зан ба туфайли навори видео, ки аз ҷониби сокинони хонаи 2/4 дар кӯчаи Шамсии пойтахт дар Фейсбук гузошта шудааст, ошкор […]

Дар шаҳри Душанбе нисбат ба зане, ки аз тирезаи хонааш дар маркази Душанбе партовро ба берун мепартофт, парвандаи маъмурӣ оғоз шуд.

Тавре дар сомонаи Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дода мешавад, ин амали зан ба туфайли навори видео, ки аз ҷониби сокинони хонаи 2/4 дар кӯчаи Шамсии пойтахт дар Фейсбук гузошта шудааст, ошкор гардидааст.

«Дар навор дида мешавад, ки зани сокини шаҳр Н.С. аз тирезаи хонае дар ошёнаи 10-ум шишаҳои пластикиро ба майдони бозиҳои кӯдакона мепартояд. Санҷиши кормандони милитсия маълум кард, ки ин зан қаблан низ партовҳоро аз тиреза ба берун мепартофтааст, то ки кораш осонтар шавад”, – қайд мешавад дар хабари Раёсат.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зикр мекунад, ки чунин рафтор ба меъёрҳои санитариву гигиенӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ созгор нест.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 112 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои санитарӣ-гиггенӣ ва санитарӣ-эпидемиологӣ) парванда оғоз гардида, мувофиқи он дар ҳаҷми аз 20 то 25 (1160 то 1450 сомонӣ) нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳанда ба 58 сомонӣ баробар аст) ҷарима пешбинӣ шудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.