Обуҳавои Тоҷикистон то охири ҳафта ноустувор боқӣ мемонад

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор боқӣ мемонад. Шабонарӯзи наздик дар ноҳияҳои кӯҳистон ва доманакӯҳи Тоҷикистон, ба истиснои ВМКБ, хатари фаромадани сел дар назар буда, сатҳи оби дарёҳо баланд мешавад.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, имрӯзу пагоҳ дар кишвар обуҳаво ноустувор боқӣ мемонад.

“Рӯзҳои 1-2 апрел низ ҳаво ноустувор боқӣ монда, борон меборад (дар баландии беш аз 2500 метр барф). Дар баъзе минтақаҳо боришоти башиддат ва фаромадани сел дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои ҷудогонаи тобеъи марказ рӯзи 2-юми апрел ба амал омадани раъду барқ ва боридани жола пешбинӣ мешавад”, – таъкид кардаанд обуҳавошиносон.

Дар хадамоти матбуоти филиали ширкати IRS ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки сарфи назар аз боридани барф, шоҳроҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд барои ҳаракати нақлиёт боз аст.

“Субҳи имрӯз, 1-уми апрел дар километри аз 57 то 84-уми роҳи Душанбе-Чаноқ баландии сатҳи барф 15 сантиметрро ташкил медод, лекин ҳаракати нақлиёт баста нашудааст”, – гуфтанд дар ширкат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...