КҲФ: Сафари волидону кӯдакон ба марказҳои дилхушӣ маҳдуд карда шавад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ бо ҳадафи пешгирии паҳншавии коронавирус, аз волидон хоҳиш мекунад, ки сафарҳои худро бо кӯдакон ба қаҳвахонаҳо, марказҳои дилхушӣ, муассисаҳои савдо, осорхонаҳо ва дигар ҷойҳои фароғатӣ маҳдуд кунанд. Ба ҷойҳои истифодаи умум инчунин майдончаҳои бозии кӯдакон, ки дар саҳни биноҳои истиқоматӣ ё боғҳо воқеанд, дохил мешаванд. Ҳамзамон […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ бо ҳадафи пешгирии паҳншавии коронавирус, аз волидон хоҳиш мекунад, ки сафарҳои худро бо кӯдакон ба қаҳвахонаҳо, марказҳои дилхушӣ, муассисаҳои савдо, осорхонаҳо ва дигар ҷойҳои фароғатӣ маҳдуд кунанд. Ба ҷойҳои истифодаи умум инчунин майдончаҳои бозии кӯдакон, ки дар саҳни биноҳои истиқоматӣ ё боғҳо воқеанд, дохил мешаванд.

Ҳамзамон КҲФ тавсия медиҳад, ки ҳамроҳи кӯдакон дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва майдончаҳои шахсӣ, ки мавриди истифодаи инфиродӣ қарор доранд, сайругашт кардан мумкин аст. Боздид аз боғҳо танҳо дар сурати истисно кардани муошират бо калонсолону кӯдакони дигар имкон дорад.

КҲФ ба волидон хотиррасон мекунад, ки дарҳол пас аз бозгашт ба хона дастон ва дигар қитъаҳои кушодаи баданро бо собун шустан, обгардон кардани даҳон ва шустани бинӣ зарур аст.

Ҳамчунин тавсия шудааст, ки ҳавои утоқҳо мунтазам тоза карда шавад ва на кам аз 1 бор дар як рӯз бо истифода аз воситаҳои безараргардонанда рӯбучини хона сурат пазирад. Дезинфексия кардани утоқҳо, ашё, бастаҳои маҳсулот баъд аз ба хона овардани онҳо муҳим мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.