Оғози 11 парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба кормандони соҳаи тиб дар Суғд

Барои риоя накардани меъёру қоидаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ дар вилояти Суғд нисбат ба масъулон ва кормандони соҳаи тиб 11 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Дар ин бора имрӯз, 7-уми апрел прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов зимни баргузории маҷлиси васеи ҳайати мушовараи прокуратураи вилоят оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи аввали соли равон маълумот дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳолати […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Барои риоя накардани меъёру қоидаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ дар вилояти Суғд нисбат ба масъулон ва кормандони соҳаи тиб 11 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Дар ин бора имрӯз, 7-уми апрел прокурори вилояти Суғд Ҳабибулло Воҳидов зимни баргузории маҷлиси васеи ҳайати мушовараи прокуратураи вилоят оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳаи аввали соли равон маълумот дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи тандурустӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура зери назорати қатъӣ гирифта шуда, диққати асосӣ ба пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, хусусан, коронавируси Covid-19 ва таъмини муассисаҳои тиббӣ бо маводи муҳофизатӣ аз ин беморӣ равона шудааст.

“Зимни санҷиш ҳолатҳои аз тарафи табибон ва дигар кормандони соҳаи тиб риоя накардани меъёру қоидаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, санитарию эпидемиологӣ ва номатлуб иҷро кардани вазифаҳои хизматии касбӣ ошкор шуданд. Аз натиҷаи санҷишҳо баҳри бартараф кардани қонунвайронкунӣ дар асоси 23 пешниҳод 58 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 11 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Хушбахтона, то имрӯз ҳолатҳои сироят ёфтани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст. Ҳар яки мо баҳри гирифтор нашудан ба бемории коронавирус бояд тадбирҳои зурурӣ андешем”, – изҳор дошт прокурори вилояти Суғд.

 

Ҳамчунин таъкид гардид, ки дар ин давра ба мақомоти прокуратураи вилоят 2592 муроҷиат ворид шудааст. Кормандони додситонӣ  765 адади онҳоро баррасӣ ва 168-тояшро қонеъ кардаанд.

Дар асоси тафтиши пешакӣ ва даъвоҳои прокурорӣ 72,2 млн сомонӣ зарари моддӣ барқарор шудааст, ки аз он 25,8 млн сомонӣ ба манфиати буҷет мебошад.

“Назорат дар самти иҷрои қонунгузории замин пурзӯр карда шуд. Аз натиҷаи санҷишҳо 48 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, 4072,2 гектар қитъаи замини худсарона ишғолшуда ба ҳолати аввала баргадонида, ба 112 адад қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба ҷудо кардани қитъаи замин эътироз оварда шудааст”, – афзуд Ҳабибулло Воҳидов.

Бино ба иттилои прокуратураи вилояти Суғд, сатҳи ҷинояткорӣ дар шимоли Тоҷикистон назар ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст. Дар семоҳаи аввали соли 2020 ҳамагӣ 1991 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 231 адад ё 10,4% кам мебошад. Ҳамзамон кушодашавии ҷиноятҳо 91,7%-ро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.