Боздошти таксирони тоҷик дар Маскав барои риоя накардани карантин

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар Маскав таксироне боздошт шудааст, ки сарфи назар аз тести мусбат доштан нисбат ба коронавирус, ба идораи мошинаш идома медод. Дар ин бора шабакаи телевизионии “360” бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад. Дар ҳамин ҳол, ба ҷуз тоҷикистонӣ будани ӯ, дар борааш дигар маълумот дода намешавад.

“Мард зодаи Тоҷикистон буда, дар Кимовскии вилояти Тула ба қайд гирифта шудааст, лекин доимо дар кӯчаи Лосевский дар Маскав зиндагӣ мекунад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, кормандони пулис ӯро 6-уми апрел дар ҳамон ҷо, назди даромадгоҳи хонааш дастгир кардаанд.

“Ба эътирофи ин мард, ӯ рӯзи 28-уми март худро бад ҳис карда, ёрии таъҷилии тиббиро даъват кардааст. Дар ӯ коронавирус ошкор шуда, дастур гирифтааст, ки дар хона бимонад. Ба гуфтаи мард, аз мошин ӯ танҳо барои хариди шахсӣ дар мағоза истифода мекардааст. Дар ҳамин ҳол, ӯ иқрор шудааст, ки ба ин васила реҷаи карантини шадидро риоя накардааст”, – хабар медиҳад шабакаи телевизионӣ.

Таксиронро дар маҳалли ҳодиса эпидемиологҳо муоина карда, сипас дар маркази “Тсаритсино” бистарӣ кардаанд. Нисбат ба ӯ санад дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Дар хадамоти “Яндекс.Такси” ба шабакаи телевизионии “360” хабар додаанд, ки ин шахс рӯзи 28-уми март аз онҳо фармоиш нагирифтааст.

“Масъалаи гумонбар будани корбарон ё ронандагон ба сирояти коронавирус ё робитаи онҳо бо шахси беморро мо фавран баррасӣ мекунем. Дар ин ҳолат аз Роспотребнадзор маълумоти иловагӣ нагирифтаем”, – хабар додаанд дар дафтари матбуоти ширкат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...