Боздошти таксирони тоҷик дар Маскав барои риоя накардани карантин

Дар Маскав таксироне боздошт шудааст, ки сарфи назар аз тести мусбат доштан нисбат ба коронавирус, ба идораи мошинаш идома медод. Дар ин бора шабакаи телевизионии “360” бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад. Дар ҳамин ҳол, ба ҷуз тоҷикистонӣ будани ӯ, дар борааш дигар маълумот дода намешавад. “Мард зодаи Тоҷикистон буда, дар Кимовскии вилояти […]

Дар Маскав таксироне боздошт шудааст, ки сарфи назар аз тести мусбат доштан нисбат ба коронавирус, ба идораи мошинаш идома медод. Дар ин бора шабакаи телевизионии “360” бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад. Дар ҳамин ҳол, ба ҷуз тоҷикистонӣ будани ӯ, дар борааш дигар маълумот дода намешавад.

“Мард зодаи Тоҷикистон буда, дар Кимовскии вилояти Тула ба қайд гирифта шудааст, лекин доимо дар кӯчаи Лосевский дар Маскав зиндагӣ мекунад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, кормандони пулис ӯро 6-уми апрел дар ҳамон ҷо, назди даромадгоҳи хонааш дастгир кардаанд.

“Ба эътирофи ин мард, ӯ рӯзи 28-уми март худро бад ҳис карда, ёрии таъҷилии тиббиро даъват кардааст. Дар ӯ коронавирус ошкор шуда, дастур гирифтааст, ки дар хона бимонад. Ба гуфтаи мард, аз мошин ӯ танҳо барои хариди шахсӣ дар мағоза истифода мекардааст. Дар ҳамин ҳол, ӯ иқрор шудааст, ки ба ин васила реҷаи карантини шадидро риоя накардааст”, – хабар медиҳад шабакаи телевизионӣ.

Таксиронро дар маҳалли ҳодиса эпидемиологҳо муоина карда, сипас дар маркази “Тсаритсино” бистарӣ кардаанд. Нисбат ба ӯ санад дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Дар хадамоти “Яндекс.Такси” ба шабакаи телевизионии “360” хабар додаанд, ки ин шахс рӯзи 28-уми март аз онҳо фармоиш нагирифтааст.

“Масъалаи гумонбар будани корбарон ё ронандагон ба сирояти коронавирус ё робитаи онҳо бо шахси беморро мо фавран баррасӣ мекунем. Дар ин ҳолат аз Роспотребнадзор маълумоти иловагӣ нагирифтаем”, – хабар додаанд дар дафтари матбуоти ширкат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.