Оғози истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ дар корхонаи дӯзандагии пойтахт

Дар робита ба паҳншавии сирояти коронавирус дар саросари дунё, корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс”-и шаҳри Душанбе ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ оғоз кард. “Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ аз ҷониби корхонаи мазкур айни замон истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шудааст”, – хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави […]

Дар робита ба паҳншавии сирояти коронавирус дар саросари дунё, корхонаи дӯзандагии “Тоҷтекс”-и шаҳри Душанбе ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ оғоз кард.

“Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятӣ аз ҷониби корхонаи мазкур айни замон истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ дар асоси фармоиши мизоҷон ба роҳ монда шудааст”, – хабар медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, айни замон иқтидори корхона дар як рӯз истеҳсоли 10 ҳазор дона ниқобҳои тиббӣ буда, сифати он ба стандартҳои ҷорӣ ҷавобгӯ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар корхона зиёда аз 160 дастгоҳи дӯзандагӣ насб гардида, барои 200 нафар ҷойҳои корӣ муҳайё карда шудааст.

Қаблан зикр шуда буд, ки як қатор корхонаҳои саноати хӯроквории Тоҷикистон барои татбиқи чораҳо дар самти пешгирии сироятии коронавирус ба истеҳсоли маводи антисептикӣ оғоз карданд.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, то имрӯз, 8-уми апрел дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.