Тағйирот дар ҳаёти мардуми Хуҷанд баъди хабар дар бораи коронавирус

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Пас аз рӯзи 5-уми апрел нашр шудани хабар дар бораи фавти марде дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, аҳолии минтақаи шимоли Тоҷикистон ба ташвиш афтоданд. Нахуст мардум ба рӯяшон ниқоб баста, аксарият хонанишиниро ихтиёр карданд ва фарзандонашонро нагузоштанд, ки ба мактаб раванд. Аммо ин дер давом накард: то итминони Вазорати тандурустӣ роҷеъ ба он, ки дар Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Мо аз бозори шаҳри Хуҷанд боздид кардем, то ки бо вазъи имрӯзаи он шинос шавем.

Савдогарони бозори “Панҷшанбе” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки як рӯз пеш харидорон зиёдтар буданд ва асосан, орду биринҷ ва равғану макарон хариданд.

Кам будани шумори мизоҷонро дар бонкҳои Хуҷанд бо он маънидод мекунанд, ки дар Русия карантин эълон шуда, интиқоли пул бамаротиб коҳиш ёфт ва аз ин рӯ, муроҷиати одамон ба  ин бонкҳо низ кам шуд.

Рӯзи 6-уми апрел муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруфҷон Ҳоҷибоев дар нишасти хабарӣ гуфт: “Овозаҳо дар бораи он, ки сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов , ҷамоати “Ҳаёти нав” Ҳабибулло Шодиев гӯё аз коронавирус фавтидааст, ягон асоси воқеӣ надорад. Ташхисҳо нишон доданд, ки анамнез ё ҳолномаи эпидемиологии бемории ӯ нисбат ба коронавирус ягон алоқамандӣ надорад. Ӯ аз илтиҳоби шуш (пневмония) фавтидааст”.

Вай афзуд: “Ҳоло дар вилоят ягон манбаъи сироятёбии коронавирус ошкор нашудааст. Он 13 нафаре, ки дар беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ кардем, дар байни онҳо ягон ҳолати сироятёбии коронавируси Covid-19 ба қайд гирифта нашудааст ”.

“Шахсоне, ки ҳарорати баданашон баланд буд, мо аъзои оилаҳои онҳоро низ ба карантин гирифтем. Ба назарам, аз ҳамин як нофаҳмӣ дар байни аҳолӣ пайдо шуд ”, – иброз дошт Ҳоҷибоев.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...