Вазорати тандурустӣ аз коронавирус фавтидани марди 60-соларо дар Суғд рад кард

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ вобаста ба хабару овозаҳои сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба марги як марди 60-сола дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, чунин иттилоъ медиҳад. Субҳи имрӯз, 6-уми апрел вобаста ба вазъи эпидемиологии вилояти Суғд сардори Раёсати тандурустӣ […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ вобаста ба хабару овозаҳои сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар робита ба марги як марди 60-сола дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бистарӣ шудани 11 табибу парасторе, ки ӯро муолиҷа мекарданд, чунин иттилоъ медиҳад.

Субҳи имрӯз, 6-уми апрел вобаста ба вазъи эпидемиологии вилояти Суғд сардори Раёсати тандурустӣ Фаррух Мақсудзода ва мудири шуъбаи эпидемиологияи вилояти Суғд Рустам Собиров ба муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Сардухтури давлатии санитарии ҶТ Мирҳамуддин Камолзода гузориш доданд.

Маълумот дода шуд, ки вазъи эпидемиологӣ дар вилоят муътадил буда, ҳолати онҳое, ки дар муассисаҳои тандурустии вилоят дар карантин қарор доранд, мусбат мебошад. Ҳарчанд ки дар миёни бистаришудагон нафарони бо ҳарорати баланд низ дарёфт карда шудааст, вале ташхис нишон дод, ки дар онҳо нишонаҳои сироятёбии коронавирус дида намешавад.

Ҳамчунин аз Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов иттилоъ доданд, дар ҳақиқат, фавти як марди 60-сола дар беморхонаи мазкур дар пайи ташхиси илтиҳоби шуш ё пневмония ба қайд гирифта шудааст. Бино ба иттилои манбаъ, пеш фавт аз ин мард ташхиси коронавирус гирифта шуд ва натиҷаи он манфӣ баромад. Бинобар ин, бо сабаби сирояти коронавирус фавтидани ӯ асоси воқеӣ надорад.

Дар ҳамин ҳол Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури бемористони марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов  изҳор дошт, ки айни замон вазъи саломатияш хуб аст. Номбурда аз нашри хабарҳо дар мавриди он, ки гӯё вазъи саломатияш вазнин мебошад, изҳори нигаронӣ кард.

Алишер Абдукаримов гуфт, ба карантин фаро гирифтани ӯ ва дигар табибон на танҳо аз он сабаб аст, ки онҳо бо ин марди фавтида сару кор доштанд, балки тибқи қоида ҳар табибе, ки бо нафарони дар карантин буда сару кор дорад, 14 рӯз низ ба карантин фаро гирифта мешавад.

Тибқи маълумоти вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Насим Олимзода, аз 1-уми феврал то 6-уми апрели соли равон 7041 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то санаи мазкур 4291 кас ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 2750 нафарашон дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат дар карантин қарор доранд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 6-уми апрел дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон озмоишгоҳҳои кишвар барои муайян кардани сирояти коронавирус ва нишонаҳои он пурра омода мебошанд. Ҳоло дар озмоишгоҳҳои кишвар 25 ҳазор тест ҷиҳати муайянсозии коронавирус мавҷуд мебошанд, ки то имрӯз ба наздики 3 ҳазор нафар шаҳрвандон аз ташхиси тестии коронавирус гузаронида шуда, ҷавоби ҳамаи онҳо манфӣ баромадаанд. Аз ин шумора 22 ташхис ба Лондон ва 9 ташхиси ташхиси дигар ба шаҳри Москва равон карда шуда буданд, ки натиҷаи онҳо низ манфӣ баромадааст.

“Дар ин лаҳзаҳои ҳассос Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба гирифтор шудани шаҳрвандон ба сирояти коронавирус бовар накунанд. Бо мақсади дастрасӣ доштани аҳолӣ ба маълумоти расмӣ вобаста ба масъалаҳои коронавирус дар назди вазорат таҳти рақами 511 телефони боварӣ таъсис дода шудааст. Ҳамзамон аз расонаҳои хабарии мамлакат даъват ба амал оварда мешавад, ки вобаста ба масъалаҳои коронавирус танҳо ба маълумоти расмии мақомот, аз ҷумла, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ такя ва матолиб ба нашр расонанд. Чун дар ин лаҳзаҳои ҳассос ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ метавонад боиси ба таҳлука андохтани мардум шавад”, – иброз дошт вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.