Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар бораи истирдоди маҳкумшудагон шартнома имзо мекунанд

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки бо Кореяи Ҷанубӣ дар бораи масъалаҳои вобаста ба таъқиботи ҷиноятӣ як қатор қарордодҳо ба имзо  расонад. Аз ҷумла, имзои шартномаи дуҷониба дар бораи истирдод, интиқоли маҳкумшудагон, ҳамчунин шартнома дар бораи кумаки мутақобилаи ҳуқуқӣ доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар назар аст. Дар қарори 30-юми марти соли равон қабулкардаи ҳукумат вобаста ба ин […]

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки бо Кореяи Ҷанубӣ дар бораи масъалаҳои вобаста ба таъқиботи ҷиноятӣ як қатор қарордодҳо ба имзо  расонад.

Аз ҷумла, имзои шартномаи дуҷониба дар бораи истирдод, интиқоли маҳкумшудагон, ҳамчунин шартнома дар бораи кумаки мутақобилаи ҳуқуқӣ доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ дар назар аст.

Дар қарори 30-юми марти соли равон қабулкардаи ҳукумат вобаста ба ин масъала ба вазорату идораҳои марбута дастур дода шудааст, лоиҳаҳои шартномаҳоеро, ки имзояшон пешбинӣ гардидааст, мувофиқа ва тасдиқ кунанд.

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон вазифадор шудааст, ки зимни зарурат ба матни ин шартномаҳо тағйироту иловаҳо ворид намояд, ки хусусияти усулӣ надоранд.

Ба Вазорати корҳои хориҷӣ супориш дода шудааст, ки бо тартиби муқарраршуда бо ҷониби Кореяи Ҷанубӣ сана ва ҷойи имзои шартномаҳоро мувофиқа созад.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея моҳи апрели соли 1992 роҳандозӣ шуда, моҳи июни соли 2008 дар шаҳри Душанбе сафорати ин кишвар ба фаъолият шурӯъ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.