Қайди воситаҳои мобилӣ дар Тоҷикистон ҳатмӣ мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқиро тасдиқ кард. Зарурати қабули чунин тадбирҳо таъмини амният ва таҳкими иқтидори мудофиавии давлат маънидод мешавад. Бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ (телефонҳои мобилӣ, смартфон, планшет, компютерҳои хурд, ноутбук ва дигар воситаҳо) тибқи идентификатори байнулмилалии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ (минбаъд […]

Ҳукумати Тоҷикистон тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқиро тасдиқ кард. Зарурати қабули чунин тадбирҳо таъмини амният ва таҳкими иқтидори мудофиавии давлат маънидод мешавад.

Бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ (телефонҳои мобилӣ, смартфон, планшет, компютерҳои хурд, ноутбук ва дигар воситаҳо) тибқи идентификатори байнулмилалии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ (минбаъд – система) ба роҳ монда мешавад.

Бо қарори 31-уми марти соли равон қабулкардаи ҳукумат ба Хадамоти алоқа супориш дода мешавад, ки то 1-уми июни соли 2020 тибқи қонунгузории Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории хусусӣ оператори системаро муайян кунад.

Бақайдгирии воситаҳои мобилӣ аз лаҳзаи ҷорӣ кардани система дар давоми 3 моҳ дар асоси таҷрибавӣ ба таври ройгон тариқи низоми автоматӣ бо роҳи пайвастшавӣ (фаъолкунӣ) ба шабакаҳои операторони алоқаи барқӣ оғоз мешавад.

Сипас бақайдгирӣ дар давоми 6 моҳ дар асоси таҷрибавӣ ба таври ройгон тариқи истифода аз портали ягона ё бо усули дигаре, ки дар тартиби мазкур муайян шудаанд, гузаронида мешавад.

Пас аз ин бақайдгирӣ ба таври музднок тибқи тартиби муқарраркардаи қонуни ҶТ “Дар бораи алоқаи барқӣ”  сурат мепазирад.

“Бақайдгирӣ барои воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, ки истифода мешаванд, барои фурӯш ё истифодаи шахсӣ ворид карда мешаванд, дар қаламрави Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, ба ҷуз воситаҳои мобилии дар қаламрави Тоҷикистон дар роуминги байнулмилалӣ қарордошта ҳатмӣ мебошад”, – қайд шудааст дар ин санад.

Гуфта мешавад, шахсоне, ки талаботи тартиби қабулшударо риоя намекунанд, мувофиқи қонунгузории кишвар ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.