Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ шурӯъ кард

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар заминаи озмоишгоҳҳои дӯзандагии факултаи технология ва дизайн дӯхтани ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шуд. Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, тарҳи ниқоби тиббиро мутахассисони факулта бо назардошти меъёрҳо лоиҳакашӣ шудааст. Сипас дар озмоишгоҳҳои дӯзандагӣ бо ҷалби омӯзгорони мутахассис ва донишҷӯён дӯхтани ниқобҳо оғоз гардидааст. Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон […]

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар заминаи озмоишгоҳҳои дӯзандагии факултаи технология ва дизайн дӯхтани ниқобҳои тиббӣ ба роҳ монда шуд.

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, тарҳи ниқоби тиббиро мутахассисони факулта бо назардошти меъёрҳо лоиҳакашӣ шудааст. Сипас дар озмоишгоҳҳои дӯзандагӣ бо ҷалби омӯзгорони мутахассис ва донишҷӯён дӯхтани ниқобҳо оғоз гардидааст.

Раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳолати зарурӣ зиёда аз 6000 кормандон ва донишҷуёни худро бо ниқобҳои тиббӣ пурра таъмин кунад. Инчунин ҳаҷми истеҳсол зиёд карда шуда, ба дигар муассисаю корхонаҳо ниқобҳои тиббӣ пешниҳод карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки барои дӯхтани ниқобҳо маҳсулоти пахтагини истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла, матоъҳои пахтагини истеҳсоли корхонаи «Нассоҷии тоҷик» истифода мешаванд. Аллакай зиёда аз 1300 адад ниқобҳои тиббӣ омода шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.