Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон 48 млн евро барои пешгирии коронавирус кумак карданист

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Иттиҳоди Аврупо ният дорад, то 48 миллион евро дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ ҳамчун кумак ба Тоҷикистон дар бароварда сохтани ниёзҳои мубрам ва костани паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 пешниҳод кунад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷи ҶТ, дар ин хусус роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон сафир Мэрилин Йосефсон рӯзи 13-уми апрел зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии ҶТ Сироҷиддин Муҳриддин изҳор доштааст.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла, пешгирии паҳншавии коронавирус (COVID-19) дар кишвар баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо роҷеъ ба масоили байнулмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар карданд.

Қаблан дар Тоҷикистон “бо мақсади пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавируси COVID-19 ва мутамарказонидани кумакҳои башардӯстона” суратҳисобҳо кушода шуданд.

“Ҳамаи маблағҳои ба ин суратҳисобҳо воридшуда барои андешидани чораҳои беҳдоштию зидди эпидемиологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ равона хоҳанд шуд. Кумакҳои созмонҳои байнулмилалӣ, бунёдҳои хайриявӣ, кишварҳои дӯст, шахсони инфиродӣ ва соҳибкорон истиқбол мегарданд”, – хабар дода буд ВКХ ҶТ.

Ёдовар мешавем, ки Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии коронавирус 11,3 миллион доллари ИМА медиҳад. Ин маблағ барои хариди таҷҳизоти муҳофизатӣ ва лавозимоти гузаронидани санҷиш, инчунин омӯзонидани кормандони соҳаи тандурустӣ равона мешавад. 

Ҳамчунин Олмон ба Тоҷикистон барои харидории воситаҳои муҳофизати шахсӣ, таҷҳиҳоти тиббӣ ва маблағгузорӣ ба омӯзиш барои мубориза бо паҳншавии коронавируси нав 1 миллион евро ҷудо кард.

Бонки осиёии рушд низ баҳри дастгирии талошҳои Тоҷикистон дар муқовимат бо коронавирус 100 ҳазор доллар грант пешниҳод кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.