Маҷлиси фаврию ғайринавбатии ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуд

Asia-Plus

Маҷлиси фаврию ғайринавбатии ҳукумати Тоҷикистон имрӯз, 16-уми апрел таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар семоҳаи аввали соли 2020, иҷрои нақшаи кишту кори баҳорӣ, рушди саноат, андешидани чораҳои санитарӣ гигиенӣ доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, коҳиш додани таъсири буҳрони молиявӣ ба иқтисоди кишвар, таъмини амнияти кишоварзии ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд. Ҳамчунин ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон вобаста ба паҳншавии коронавирус, истеҳсолу захираи кофии маводи хурокворӣ ва дигар масъалаҳо таваҷҷуҳ зоҳир шуд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷараёни маҷлис ҳисоботи муовини якуми сарвазир Давлаталӣ Саид, муовинони сарвазир Азим Иброҳим ва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, вазири кишоварзӣ Амонулло Салимзода, вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, вазъи кишту кори баҳорӣ ва омодагӣ ба кишти такрорӣ шунида шуд.

Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба хатари паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб кард.

Таъкид гардид, ки дар асоси супориши сарвари давлат аз ҷониби ҳукумати кишвар нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии паҳншавии коронавирус ба иқтисоди миллӣ қабул гардида, ситоди ҷумҳуриявии доимамалкунанда таъсис дода шуд.

Раисҷумҳур ба ҳукумати кишвар супориш дод, ки бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазами иқтисоди миллӣ доир ба ҷорӣ кардани сабукиҳо ва имтиёзҳои андозиву қарзӣ барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, соҳибкории хурду миёна, табақаҳои алоҳидаи аҳолӣ ва соҳаҳои осебпазири иқтисодиёт чораҳои мушаххас андешад.

Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба иқтисодиёти кишвар, қисми даромади буҷет ва истифодаи имконияту манбаъҳои иловагӣ ба ҳукумати кишвар пешниҳод манзур намоянд.

Роҳбарони вазорату идораҳо вазифадор шуданд, ки доир ба истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, роҳ надодан ба хароҷоти дуюмдараҷаву ғайримақсаднок, пардохти пурраи музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа, ҷубронпулию кумакпулиҳо ва беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ, танзими бозори асъор ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони ватанӣ, таъмини фаъолияти босуботи бонкҳо, пешниҳоди сабукиҳои қарзию бонкӣ ба ташкилотҳои қарзӣ ва соҳибкорон чораҳои дахлдор андешанд.

Супоришҳои дигар ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархҳо, махсусан, нархи маҳсулоти ниёзи аввал ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолӣ дода шуд.

Сарвари давлат ба ҳукумати кишвар дар самти пешгирии паҳншавии коронавирус ҷиҳати аз имрӯз андешидани тадбирҳои иловагӣ доир ба таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан, саноату кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ супоришҳои мушаххас дод.

Вобаста ба ин, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати зиёд кардани истеҳсол ва захираи маҳсулоти ниёзи аввал, бахусус, орд, равғани рустанӣ, биринҷ ва дигар маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва мунтазам таъмин кардани бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ чораҳои саривақтӣ андешанд.

Дар бахши кишоварзӣ вобаста ба таъсиси иқтидорҳои нав ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти соҳа дар ҳамаи фаслҳои сол, махсусан, зимистону баҳор бо истифодаи мақсадноки сардхонаву гармхонаҳо ва баланд бардоштани самаранокии онҳо дар хоҷагиҳои ҷамъиятию аҳолӣ супоришҳо дода шуд.

Вобаста ба ин ва бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳукумати мамлакат, аз ҷумла, вазорати кишоварзӣ, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, тамоми сохторҳои соҳаи кишоварзӣ супориши қатъӣ ва фаврӣ дода шуд, ки нақшаи кишти зироатҳо, бахусус, майдони кишти картошкаро то 40 фоиз ва майдони кишти такрориро аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо ва ҷуворимакка то 60 фоиз зиёд намуда, истеҳсолу захираи орду равғанро таъмин кунанд.

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро бо хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ дар самти кишти саривақтии зироатҳо, аз ҷумла, сабзавоту полезиҳо, гирифтани се-чор ҳосил, захираи дусолаи маводи ғизоӣ дар ҳар як оилаи кишвар, ташкили гармхонаҳо, махсусан, дар заминҳои президентӣ ва ҳатто наздиҳавлигӣ васеъ ба роҳ монанд.

Ба ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҳамкории судмандро бо роҳбарони давлатҳои дахлдор оид ба имкони содироти меваю сабзавоти истеҳсоли ватанӣ ба кишварҳои шарики тиҷоратӣ ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввал ба Тоҷикистон ба таври фаврӣ ба роҳ монад.

Тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода баранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...