Тоҷикистон содиротро кам ва воридоти молу маҳсулотро афзуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-марти соли равон 1 млрд 36 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5% зиёдтар мебошад. Тавре Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, каср (камбуд)-и гардиши савдои ҷумҳурӣ (бартарияти воридот нисбат ба содирот) 266,8 млн долларро ташкил медиҳад. Семоҳаи аввал содироти мол ба […]

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-марти соли равон 1 млрд 36 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5% зиёдтар мебошад.

Тавре Агентии омори назди президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, каср (камбуд)-и гардиши савдои ҷумҳурӣ (бартарияти воридот нисбат ба содирот) 266,8 млн долларро ташкил медиҳад.

Семоҳаи аввал содироти мол ба маблағи наздики 205 млн доллар анҷом дода шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 16,1% ё худ қариб 40 млн доллар камтар аст.

Маҳсулоти Тоҷикистон имсол дар навбати аввал ба Туркия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон содирот шудааст.

Асосан маҳсулоти минералӣ (40,5% аз ҳаҷми умумии содирот), маҳсулот ва маснуоти нассоҷӣ (27,2%), фулузоти арзон ва маснуот аз он (25,7%) ба хориҷи кишвар бароварда шудааст.

Семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 831 млн доллар молу маҳсулот ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 15,5% ё худ 111 млн доллар бештар аст.

Воридкунандагони асосии молу маҳсулот ба Тоҷикистон дар ин давра Русия, Қазоқистон ва Чин мебошанд.

Аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон маҳсулоти минералӣ (20,2% аз ҳаҷми умумии воридот), маҳсулоти саноати кимиёвӣ (10,1%), фулузоти арзон ва маснуот аз он (10%), маҳсулоти рустанӣ (9,5%) ва ғайра ворид карда шудааст.

Нисфи ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон дар ин давра ба Русия ва Қазоқистон рост меояд: ҳаҷми умумии гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Русия беш аз 260 млн доллар ва Тоҷикистону Қазоқистон – ҳудуди 255 млн долларро ташкил дод.

Тӯли се моҳи соли 2020 ҳаҷми савдо бо Чин ба андозаи 16% афзуда, 137 млн долларро ташкил додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.