Қариб 5 баробар кам шудани ҳаҷми кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон

Семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 4 млн 85 ҳазор доллар кумаки башардӯстона ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (беш аз 18,5 млн доллар) 4,5 баробар камтар мебошад. Тавре Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад, шумори кишварҳои мададрасон дар ин давра аз 37 давлат дар семоҳаи аввали соли […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 4 млн 85 ҳазор доллар кумаки башардӯстона ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (беш аз 18,5 млн доллар) 4,5 баробар камтар мебошад.

Тавре Агентии омори назди президенти ҶТ хабар медиҳад, шумори кишварҳои мададрасон дар ин давра аз 37 давлат дар семоҳаи аввали соли гузашта то ба 42 кишвар дар ҳамин давраи соли ҷорӣ зиёд шудааст.

Миёни кишварҳои мададрасон вазни қиёсии бештар аз рӯйи арзиши кумаки башардӯстона ба Чин (34,3%), Русия (21,1%), Ҳиндустон (8,7%), Қазоқистон (5,7%), ИМА (5%), Олмон (4,5%) ва дигар давлатҳо рост меояд.

Давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ Русия (15,6% аз ҳаҷми умумии кумак), Швейтсария(14,5%), Ҷопон (4%) ва Чин (3,7%) кишварҳои асосии мададрасони Тоҷикистон дониста шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.