Тағйироти кадрӣ дар чанде аз вазорату кумитаҳои Тоҷикистон

Asia-Plus

Бо амру фармонҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 15 апрел дар сохтори як қатор вазорату кумита ва идораҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармони президент Манзура Латифзода бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаи муовини раиси суди вилояти Суғд озод карда шуд. Ваколати судяи суди шаҳри Душанбе Муминзода Ҳусейн бинобар вафоташ қатъ гардид.

Бо амрҳои президент Оқилзода Нурулло – мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Риозода Нуралӣ Раҳмоналӣ – муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҶТ, Исмоилзода Ёқуб Борон – директори Муассисаи давлатии маҷмааи “Кохи Ваҳдат”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва Ҳайдарзода Анвар Ҳайдар – машваратчии шуъбаи амнияти ҷамъиятии котиботи Шӯрои амнияти ҶТ таъин шуданд.

Бо қарорҳои ҳукумат Раҳмонзода Абдулғафор Азиз – муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Саидвализода Барно Саиднабӣ – сардори Хадамоти иҷрои назди ҳукумати ҶТ ва Шариф Раҳимзода – директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин шуданд.

Савари давлат Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳоеро, ки дар вазифаҳои гуногун дар вазорату идораҳо таъин гардиданд, ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба фаъолияти содиқонаву софдилона бар нафъи давлату миллат, рафъи камбудиву норасоиҳо ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳидоят карданд.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат ҳамчунин доир ба вусъати корҳои ободонӣ, ҳамкории зич бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ва таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ба иқтисодиёти мамлакат, тақвияти тадбирҳои тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, дастуру супоришҳо дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...