Рустами Эмомалӣ ба баргузории озмуну пардохти стипендияҳо беш аз 1 млн сомонӣ ҷудо кард

Барои баргузории ду озмун ва ҳавасмандсозии хонандагони мактабҳо раиси пойтахт қариб 1,2 млн сомонӣ маблағ ҷудо кард. Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, мувофиқи қарори раиси шаҳр, барои баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 564 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. “Озмун бо мақсади иҷрои амри Президенти ҶТ аз 5 феврали соли 2020 ҷиҳати […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Барои баргузории ду озмун ва ҳавасмандсозии хонандагони мактабҳо раиси пойтахт қариб 1,2 млн сомонӣ маблағ ҷудо кард.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, мувофиқи қарори раиси шаҳр, барои баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 564 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

“Озмун бо мақсади иҷрои амри Президенти ҶТ аз 5 феврали соли 2020 ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, инчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии сокинони пойтахт гузаронида мешавад”, – омадааст дар қарор.

Барои баргузории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 120 ҳазору 600 сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

“Озмун бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бо супориши сарвари давлат гузаронида мешавад”, – омадааст дар қарор.  

Инчунин рӯйхати барандагони Стипендияи раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2019 – 2020 тасдиқ шуд.

“Аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе барои ҳавасмандсозии ғолибони озмун 508 ҳазору 900 сомонӣ ҷудо мешавад. Ин стипендияро 180 нафар хонандагони мактабу коллеҷҳо мегиранд, ки рафтори намунавӣ дошта,  бо баҳои аъло таҳсил ва дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекунанд Рӯйхати гирандагони стипендия бар асоси натиҷаҳои озмун тартиб дода шуд,”, – қайд мешавад дар қарори раиси пойтахт.

Стипендия ба маблағи 300 сомонӣ дар як моҳ барои ҳар кадоме аз гирандагони он пешбинӣ шудааст. Маблағ барои соли хониш ба кортҳои махсусе, ки ба хонандагон дода мешаванд, гузаронида мешавад.

Қобили зикр аст, ки стипендияи мазкур соли 2017 барои дастгирӣ ва ҳавасмандсозии хонандагон ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки фаъолонаи насли наврас дар корҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.