Тамошо намешавад. Манъи чорабиниҳои Рӯзи пойтахт барои пешгирии коронавирус

Шаҳрдории Душанбе дар бораи бекор кардани чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи пойтахт хабар дод. “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавирус (COVID 19) ва ҳифзи солимии аҳолӣ гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба "Рӯзи пойтахт" дар шаҳри Душанбе манъ карда мешавад”, […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе дар бораи бекор кардани чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи пойтахт хабар дод.

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавирус (COVID 19) ва ҳифзи солимии аҳолӣ гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба "Рӯзи пойтахт" дар шаҳри Душанбе манъ карда мешавад”, – омадааст дар маълумоти нашркардаи шаҳрдорӣ.

Қаблан Рустами Эмомалӣ қарор имзо карда буд, ки мувофиқи он, ба муносибати ҷашн дар тамоми боғҳои шаҳри Душанбе таҳти унвони “Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе” барномаҳои фарҳангию фароғатӣ ва сайругашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт баргузор мешуданд.

Ҳамчунин байни наврасону ҷавонон гузаронидани озмунҳои гуногун ва чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла, мусобиқа оид ба мини-футбол дар назар буд.

Қобили зикр аст, ки ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил шуда, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.