Рӯзи пойтахт бо сайругашти оммавӣ таҷлил мешавад

Дар ҷашни Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ ва дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳр сайругашти оммавӣ баргузор мешаванд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, дар ин бора қарори марбутаи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст. Мувофиқи ин қарор, ба муносибати ҷашн дар тамоми боғҳои шаҳри Душанбе таҳти унвони […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Дар ҷашни Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ ва дар ҳамаи боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳр сайругашти оммавӣ баргузор мешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд, дар ин бора қарори марбутаи раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ ба имзо расидааст.

Мувофиқи ин қарор, ба муносибати ҷашн дар тамоми боғҳои шаҳри Душанбе таҳти унвони “Аҷаб шаҳри дилороӣ Душанбе” барномаҳои фарҳангию фаароғатӣ ва сайругашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт баргузор мешаванд.

Ҳамчунин байни наврасону ҷавонон гузаронидани озмунҳои гуногун ва чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла, мусобиқа оид ба мини-футбол ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи иттилои манбаъ, барои хонандагон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ тамошои осорхонаҳо, иншооти фарҳангию таърихӣ, ёдгориҳои меъморӣ ва баргузории озмунҳои расмкашиву қироати шеърҳо ташкил карда мешавад.

Дар доираи таҷлили ҷашни Рӯзи пойтахт инчунин шанбегиҳои умумихалқӣ гузаронида шуда, маросими тақдими ҷоизаҳо ба беҳтарин кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳр баргузор мегардад.

Қобили зикр аст, ки ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил шуда, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.