Собиқадорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мукофотҳои ҷашнӣ гирифтанд

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Панҷ собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо медалҳои ҷашнии 75-солагии Ғалаба сарфароз гардонида шуданд.

Медалҳои “75-солагии Ғалаба”-ро ба собиқадорон Мирзошариф Ғафуурови 101-сола, Абулло Исмоилов ва Эшбой Умурзоқов, ҳар ду 95-сола, инчунин Аҳмадҷон Ҳобилов ва Абдуҳамид Юлдошев, ҳар ду 94-сола консули генералии Русия дар Хуҷанд Андрей Варламов ва роҳбари Маркази илму фараҳанги Русия дар Хуҷанд Иван Иванов тақдим карданд.

Медалҳоро ба хонаҳои 4 нафари онҳо, инчунин барои собиқадори панҷум ба бемористоне бурданд, ки дар он табобат мегирифт.

Бино ба маълумоти Шӯрои собиқадорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 20 ҳазор нафар аз ин ноҳия ба ҷанг даъват шуда, ҳамагӣ наздики 11 ҳазор нафари онҳо ба хонаҳояшон баргаштанд. Паҷн тан аз зодагони ноҳия – Ҳодӣ Кенҷаев, Домулло Азизов, Фатуҳулло Аҳмедов, Исмоил Ҳамзаалиев ва Раҳимбой Раҳматов ба дарёфти унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд. Аҳмадчон Рӯзиев бо Ордени Шараф қадрдонӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамагӣ панҷ собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...