Аҳли оилаи марди аз илтиҳоби шуш дар ноҳияи Ҷаббор Расулов фавтида аз карантин ҷавоб шуданд

Аҳли оилаи сокини 61-солаи ҷамоати Янги Ҳаёти ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Ҳабибулло Шодиев, ки аз бемории илтиҳоби шуш фавтид, аз карантин рухсатӣ шуданд. Уткир Ҳабибуллозода, писари марҳум Шодиев ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ҳамаи онҳо худро хуб ҳис мекунанд. “Рӯзи 19 апрел 6 нафар ва имрӯз боқимонда 12 нафар аҳли оилаи мо (аз ҷумла, […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Аҳли оилаи сокини 61-солаи ҷамоати Янги Ҳаёти ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Ҳабибулло Шодиев, ки аз бемории илтиҳоби шуш фавтид, аз карантин рухсатӣ шуданд.

Уткир Ҳабибуллозода, писари марҳум Шодиев ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки ҳамаи онҳо худро хуб ҳис мекунанд.

“Рӯзи 19 апрел 6 нафар ва имрӯз боқимонда 12 нафар аҳли оилаи мо (аз ҷумла, 9 кӯдаки ноболиғ) ҷавоб дода шуданд. Модарам ҳам худро нағз ҳис мекунад. Табибон ба ҳамаамон дар бораи вазъи саломатӣ маълумотнома  доданд. Акнун аз фардо, 21-уми апрел метавонем ба кори худ машғул шавем, фарзандонамон низ ба мактаб мераванд”, – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, аз Раёсати тандурустии вилоят хабар доданд, ки ҳамаи шахсони бо Шодиев алоқадошта аз беморхона рухсатӣ шудаанд.

“Аз карантин ҳамагӣ 575 нафар ҷавоб дода шуданд, ки ҳамаашон сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов мебошанд. Инҳо шахсоне мебошанд, ки бо Шодиеви фавтида алоқа доштанд – табибон, аҳли оилаи ӯ, беморон дар беморхонае, ки ӯ бистарӣ шуда, фавтид”, – иттилоъ доданд дар Раёсати тандурустӣ.

Ба иттилои манбаъ, табибону ҳамшираҳои шафқат ва шахсоне, ки таби баланд доштанд, дар беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд боз як ҳафтаи дигар дар карантин боқӣ мемонанд.

Тибқи маълумоти Раёсати тандурустии вилоят, имрӯз боз 800 нафари дигар дар минтақаҳои карантин қарор доранд.

Ёдрас мекунем, ки пас аз фавти Шодиев хешовандону наздикон ва касонеро, ки бо ӯ алоқа доштанд, барои эҳтиёт ба карантин гирифтанд.

Дар Раёсати тандурустӣ ин қарорро чунин шарҳ доданд: “Гумонбар будем, аз ин рӯ, онҳоро ҷудо кардем. Ғайр аз ин, чанде аз кормандони беморхона таби баланд доштанд. Таби хешовандони Шодиев баланд набуд, вале ба ҳар ҳол, мо тасмим гирифтем, ки онҳоро зери назорат мегирем”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.