Собиқадорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мукофотҳои ҷашнӣ гирифтанд

Панҷ собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо медалҳои ҷашнии 75-солагии Ғалаба сарфароз гардонида шуданд. Медалҳои “75-солагии Ғалаба”-ро ба собиқадорон Мирзошариф Ғафуурови 101-сола, Абулло Исмоилов ва Эшбой Умурзоқов, ҳар ду 95-сола, инчунин Аҳмадҷон Ҳобилов ва Абдуҳамид Юлдошев, ҳар ду 94-сола консули генералии Русия дар Хуҷанд Андрей Варламов ва роҳбари Маркази илму […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Панҷ собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо медалҳои ҷашнии 75-солагии Ғалаба сарфароз гардонида шуданд.

Медалҳои “75-солагии Ғалаба”-ро ба собиқадорон Мирзошариф Ғафуурови 101-сола, Абулло Исмоилов ва Эшбой Умурзоқов, ҳар ду 95-сола, инчунин Аҳмадҷон Ҳобилов ва Абдуҳамид Юлдошев, ҳар ду 94-сола консули генералии Русия дар Хуҷанд Андрей Варламов ва роҳбари Маркази илму фараҳанги Русия дар Хуҷанд Иван Иванов тақдим карданд.

Медалҳоро ба хонаҳои 4 нафари онҳо, инчунин барои собиқадори панҷум ба бемористоне бурданд, ки дар он табобат мегирифт.

Бино ба маълумоти Шӯрои собиқадорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 20 ҳазор нафар аз ин ноҳия ба ҷанг даъват шуда, ҳамагӣ наздики 11 ҳазор нафари онҳо ба хонаҳояшон баргаштанд. Паҷн тан аз зодагони ноҳия – Ҳодӣ Кенҷаев, Домулло Азизов, Фатуҳулло Аҳмедов, Исмоил Ҳамзаалиев ва Раҳимбой Раҳматов ба дарёфти унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд. Аҳмадчон Рӯзиев бо Ордени Шараф қадрдонӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамагӣ панҷ собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.