Адиб Муҳиддин Хоҷазод бо бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шуд

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Нависандаи маъруфи тоҷик Муҳиддин Хоҷазод бо гумони гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш бистарӣ шудааст.

Айни замон ӯ дар беморхонаи шаҳрии №1-и Хуҷанд бистарӣ буда, ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) пайваст шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” рӯзноманигор Додохонаи Эгамзод хабар дод.

“Мутаассифона, адиби маҳбуби моро чанд рӯз пеш бо гумони гирифторӣ ба бемории илтиҳоби шуш дар беморхона хобонданд. Писараш ҳам дар ҳамин беморхона бистарӣ буда, табаш баланд аст. Мо онҳоро аёдат карданӣ будем, лекин имкон даст надод”, – изҳор дошт Эгамзод.

Ба гуфтаи табибони беморхона, пас аз пайваст кардани дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ вазъи солимии адиб рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазоди 82-сола муаллифи китобҳои сершумор аст, аз ҷумла, доир ба сохтмони иншооти бузург ва сарнавиштсози кишвар – нерӯгоҳҳои барқии обии Норак ва Роғун.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...