Наҷотбахшони КҲФ ронандаи дар мошин дармондаро берун оварданд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ронандаи мошинеро, ки ба ҷарии умқаш 50 метр сарозер шуда буд, аз дохили он берун оварданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ, шаби 23-юми апрел дар километри 92-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд мошини тамғаи “Опел Астра”, ки онро сокини 34-солаи шаҳри Душанбе идора мекард, ба ҷарии умқаш 50 метр сарозер шуд.

Гуфта мешавад, то омадани имдодгарон сокинони маҳаллӣ ба мусофир, ки аз мошин берун шуда, талош мекард, аз ҷарӣ берун шавад, ёрӣ расонданд.

“Наҷотбахшони КҲФ дар минтақаи Зарафшон ронандаи мошинро, ки дар дохил монда буд, пас аз кушодани дар бо ёрии таҷҳизоти махсус берун кашиданд, – омадааст дар хабари Кумита. – Ронанда ва мусофирони он ба бемористони ноҳияи Айнӣ интиқол ва бистарӣ шуданд”.

Зикр мешавад, ки тӯли семоҳаи аввали соли 2020 кормандони КҲФ 39 нафарро дар садамаҳои нақлиёти роҳҳои кишвар наҷот доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...