Tcell шабакаи худро дар ВМКБ тавсеа мебахшад

Ширкати Tcell маблағгузориро барои рушду тақвияти шабакааш дар саросари Тоҷикистон идома медиҳад. Марҳилаи навбатии таҷдиду навсозии шабака ба бунёди 6 пойгоҳи стандарти 3G дар ВМКБ: дар навоҳии Шуғнон, Роштқалъа, Рӯшон ва Ишкошим рост омад. Ҳамагӣ тайи чанд рӯзи ба фаъолият оғоз намудани ин пойгоҳҳо беш аз 700 муштарӣ ба онҳо пайваст шуда, ба шабакаи ҷаҳонии […]

Иттилоияи расмӣ

Ширкати Tcell маблағгузориро барои рушду тақвияти шабакааш дар саросари Тоҷикистон идома медиҳад. Марҳилаи навбатии таҷдиду навсозии шабака ба бунёди 6 пойгоҳи стандарти 3G дар ВМКБ: дар навоҳии Шуғнон, Роштқалъа, Рӯшон ва Ишкошим рост омад.

Ҳамагӣ тайи чанд рӯзи ба фаъолият оғоз намудани ин пойгоҳҳо беш аз 700 муштарӣ ба онҳо пайваст шуда, ба шабакаи ҷаҳонии Интернет ва имконоти бемаҳдуди он дастрасӣ пайдо карданд.

Бо шарофати дастрасӣ ба интернети мӯътадил аз Tcell, сокинони ноҳияҳои мазкур, ки дар он ҷойҳо пойгоҳҳои нав насб гардидаанд, ба шабака васл шуда, аз имконоти фарогири Интернет ҳангоми муошират, табодули иттилоот ва омӯзиш дар ҷаҳони глобалӣ бархӯрдор мешаванд.

Бо кӯмаки тарофа ва опсияҳои "Паёмрасонҳои бемаҳдуд" ва "Шабакаҳои иҷтимоии бемаҳдуд" онҳо ҳамеша бо пайвандону наздикон дар иртибот қарор хоҳанд дошт. Тафсилот: https://www.tcell.tj/internet/options-and-services/unlimited-options.php

Ба шароити мушкил ва дурдастии кӯҳистон нигоҳ накарда, ширкати Tcell ба тақвияту такмили шабака дар ин манотиқ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд ва барои сокинон имкониятҳои тозаи фанновариро муҳайе месозад. Тсеll ҳамвора барои рушду тавсеаи шабакаи инфрасохтори худ сармоягузорӣ мекунад.

_______

 Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.