Наҷотбахшони КҲФ ронандаи дар мошин дармондаро берун оварданд

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ронандаи мошинеро, ки ба ҷарии умқаш 50 метр сарозер шуда буд, аз дохили он берун оварданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ, шаби 23-юми апрел дар километри 92-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд мошини тамғаи “Опел Астра”, ки онро сокини 34-солаи шаҳри Душанбе идора мекард, ба ҷарии умқаш 50 метр сарозер шуд. Гуфта […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ронандаи мошинеро, ки ба ҷарии умқаш 50 метр сарозер шуда буд, аз дохили он берун оварданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ, шаби 23-юми апрел дар километри 92-уми роҳи Душанбе – Хуҷанд мошини тамғаи “Опел Астра”, ки онро сокини 34-солаи шаҳри Душанбе идора мекард, ба ҷарии умқаш 50 метр сарозер шуд.

Гуфта мешавад, то омадани имдодгарон сокинони маҳаллӣ ба мусофир, ки аз мошин берун шуда, талош мекард, аз ҷарӣ берун шавад, ёрӣ расонданд.

“Наҷотбахшони КҲФ дар минтақаи Зарафшон ронандаи мошинро, ки дар дохил монда буд, пас аз кушодани дар бо ёрии таҷҳизоти махсус берун кашиданд, – омадааст дар хабари Кумита. – Ронанда ва мусофирони он ба бемористони ноҳияи Айнӣ интиқол ва бистарӣ шуданд”.

Зикр мешавад, ки тӯли семоҳаи аввали соли 2020 кормандони КҲФ 39 нафарро дар садамаҳои нақлиёти роҳҳои кишвар наҷот доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.