Вазири корҳои хориҷӣ масъалаи коронавирусро бо намояндаи СҶТ баррасӣ кард

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 22-юми апрел бо мудири Идораи минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Аврупо Ҳанс Клюге суҳбати телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар суҳбат ҷонибҳо масъалаи пешгирии шуюи бемории ҳамагири COVID-19, паёмадҳои он ба кишвар ва дар ин замина мусоидати Созмон барои Тоҷикистонро баррасӣ карданд. Гуфта мешавад, […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 22-юми апрел бо мудири Идораи минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар Аврупо Ҳанс Клюге суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар суҳбат ҷонибҳо масъалаи пешгирии шуюи бемории ҳамагири COVID-19, паёмадҳои он ба кишвар ва дар ин замина мусоидати Созмон барои Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон роҷеъ ба видео-конфронси қарибулвуқӯи минтақавӣ дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои муштарак алайҳи ин беморӣ табодули назар сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки ҳайати намояндагони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳафтаи оянда аз Тоҷикистон ва Туркманистон боздид мекунад.

Дар назар аст, ки ҳайати коршиносони Созмон аз рӯйи натиҷаҳои сафар ба ҳар ду кишвар брифинги кушода баргузор карда, доир ба вазъ дар минтақа изҳори назар мекунад.

Тибқи маълумоти расмӣ, то 24-уми апрел дар Тоҷикистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.