Насби турбина ва генераторҳои нав дар неругоҳи Сарбанд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корҳои таъмиру навсозии чорумин аз рӯйи иқтидор неругоҳи барқи обии Тоҷикистон – “Сарбанд” идома дорад. Дар ин бора намояндагии Бонки осиёии рушд (БОР) хабар медиҳад.

Ин корҳо аз ҳисоби кумаки бебозгашти БОР дар ҳаҷми 135 млн доллар маблағгузорӣ мешаванд.

Дар нерӯгоҳ турбинаву генератор ва дигар таҷҳизоти бештар пурсамару муосир насб шудааст.

Дар лоиҳаи таҷдиди ин неругоҳ таъмиру навсозии гидроагрегатҳои 1, 2 ва 5-ум, инчунин аз таъмири асосӣ баровардани гирдроагрегатҳои 3 ва 6-ум пешбинӣ гардида буд.

Лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, дар назар дошта шудааст, ки амалисозии он соли равон ба итмом мерасад.

НБО Сарбанд соли 1962 дар доираи сохтмони силсиланеругоҳҳои барқи обӣ дар дарёи Вахш муваққатӣ ба истифода дода шуда, соли 1966 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тӯли фаъолият дар он 50 млрд кВт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст. Иқтидори лоиҳавии неругоҳ ба 240 мВт баробар аст. Аммо бо гузашти солҳо иқтидори он тадриҷан камтар шуд ва имрӯз ҳамагӣ 160 мВт-ро ташкил медиҳад.

Аз рӯйи иқтидор айни замон НБО Сарбанд пас аз неругоҳҳои Норак (2700 мВт), Сангтӯда (670 мВт) ва Бойғозӣ (600 мВт) дар Тоҷикистон зинаи чорумро ишғол мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...