Дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус Covid-19 таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар бораи манъи муваққатии содироти баъзе навъҳои маҳсулоти ғизоӣ қарор қабул шуд.
Аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар баровардании ҳама гуна маҳсулоти ғалладонагию лубиёгӣ, аз қабили орду гандум, шолӣ, биринҷ, наск, нахӯду мош, тухми паранда, картошка ва ҳама намуди гӯшт манъ шуд.
Манъи содироти ин навъи маҳсулот аз 25-уми апрел ҷорӣ шуда, то кай амал кардани қарори мазкур номуайян аст.
Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, соли гузашта ба хориҷи кишвар ба маблағи наздики 27 млн доллар маҳсулоти рустанӣ (сабзавоту мева, чой, биринҷ, гандум ва дигар зироати полезиву ғалладона) содирот шудааст, ки аз ҳаҷми умумии содироти кишвар 2,3%-ро ташкил медиҳад.
Ғайр аз ин, ба маблағи наздики 5,1 млн доллар маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ (ҳасиб ва дигар маҳсулоти гӯштӣ, шакар ва маснуоти қаннодӣ, нон ва маснуоти нонӣ, нӯшокиҳои машруботӣ ва ғайримашруботӣ ва ғайра) ба хориҷи кишвар фурӯхта шуд, ки ҳиссаи он дар содироти ҷумҳурӣ ба 0,4% баробар аст.
Илова бар ин, ба маблағи 999 ҳазор доллар (0,1% аз ҳаҷми содирот) маҳсулоти соҳаи чорвордорӣ (гӯшт, шир ва маҳсулоти ширӣ, тухм ва ғайра) содирот шуд.
Инҷунин ба маблағи 129 ҳазор доллар (0,01% аз ҳаҷми умумии содирот) чарбу ва равғани рустаниву ҳайвонот ба хориҷи кишвар интиқол дода шуд.
Ба ин тариқ, ҳаҷми умумии содироти солонаи маҳсулоти ғизоӣ аз Тоҷикистон андаке бештар аз 33 млн долларро ташкил дод, ки ҳамагӣ ба 2,8% дар сохтори содироти кишвар баробар мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


