Садамаи марговар дар роҳи Душанбе – Хуҷанд 8 кушта бар ҷой гузошт

Asia-Plus

Садамаи фоҷиабори нақлиёт дар километри 245-уми шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд нисфирӯзии шанбе, 25-уми апрел рух дода, бар асари он 8 нафар ҷон бохтанд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, Манучеҳр Шокиров, ронандаи 31-солаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ҳангоми ҳаракат аз Истаравшан ба самти Хуҷанд аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобил мебарояд ва ба сабукрави “Опел-Вектра” зери идораи Бахтиёр Хоҷамуродови 37-сола бармехӯрад.

“Дар натиҷа ронандаи “Мерседес-Бенс” ва 3 нафар мусофирон, ки ҳама сокинони шаҳри Гулистон будаанд, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”, – зикр шудааст дар маълумоти ВКД.

Ҳамзамон ронандаи сабукрави “Опел-Вектра” бо 3 мусофираш – сокинони ноҳияи Зафаробод низ ҳалок шудаанд.

Аз рӯйи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...