Тавсияи ба кӯча набаромадани калонсолон дар Хуҷанд

Мавлуда Рофиева, Asia-Plus

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода рӯзи 25-уми апрел ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирусро баргузор кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳр, зимни ҷаласа Маъруф Муҳаммадзода таъкид дошт, ки айни замон баҳри пешгирии бемории сироятӣ масъулин бояд ҷиҳати корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ, назорати кӯдакону наврасон зимни таътил, бидуни зарурат ба кӯча набаромадани калонсолон тадбирҳо андешанд.

Зимнан гуфта шуд, ки бояд шаҳрвандон дар ҳолати баландшавии ҳарорати бадан ҳатман "Ёрии таъҷилии тиббӣ"-ро даъват кунанд.

“Кори бомароми бозорҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ зери назорат гирифта шавад, савдои кӯчагӣ аз байн бардошта шавад”, – таъкид гардид дар ҷаласа.

Мо имрӯз ба бозори бузургтарини минтақа – “Панҷшанбе” рафта, шоҳиди он будем, ки назар ба рӯзҳои дигар ин ҷо хеле камодам аст.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 25-уми апрел 19 нафар, аз ҷумла, 14 нафар табибону кормандони тиббии Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар он шаҳрванд Шодиев аз бемории илтиҳоби шуш фавтид, аз карантин ҷавоб шуданд. Дар байни онҳо 5 каси бо Шодиев алоқадошта низ ҳастанд.

“Субҳи рӯзи шанбе моро аз карантини 21-рӯза дар беморхонаи сироятии Хуҷанд ҷавоб доданд. Дар бораи вазъи саломатӣ маълумотнома гирифтем ва айни замон ҳама худро хуб ҳис мекунем. Аз имрӯз, 27-уми апрел ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯъ карда метавонем”, – изҳор дошт ба “Азия-Плюс” Алишер Абдукаримов, муовини сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов.

Ёдовар мешавем, ки пас аз фавти Шодиев хешовандону наздикон ва касонеро, ки бо ӯ алоқа доштанд, барои эҳтиёт ба карантин гирифтанд.

Дар Раёсати тандурустӣ ин қарор чунин шарҳ дода шуд: “Гумонбар будем, аз ин рӯ, онҳоро ҷудо кардем. Ғайр аз ин, чанде аз кормандони беморхона таби баланд доштанд. Таби хешовандони Шодиев баланд набуд, вале ба ҳар ҳол, мо тасмим гирифтем, ки онҳоро зери назорат мегирем”.

Дар Раёсати тандурустии вилоят хабар доданд, ки то соати 8:00-и рӯзи 27-уми апрел 482 нафар дар минтақаҳои карантини вилоят қарор доранд. Пас аз карантин 3219 кас ҷавоб шуда, дар ҳеҷ кадоме аз онҳо сирояти коронавирус ошкор нашудааст.

Корҳои безараргардонӣ

Се шабонарӯзи охир бо дастури раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ҳифзи солимии шаҳрвандон дар маркази маъмурии вилоят ҳамаҷониба тадбирҳо меандешанд. Пеш аз ҳама, дар макони ҷамъшавии издиҳоми мардум, кӯчаву хиёбон, боғу истгоҳҳо ва дигар ҷойҳои серодам корҳои безараргардонӣ (дезинфексия) гузаронида мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...