Ба президенти Туркманистон 8 аспи ахалтекинӣ туҳфа карданд

Ба раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба ифтихори ҷашни миллии Рӯзи аспи давандаи ахалтекинӣ 8 асп туҳфа карданд. Дар ин бора нашрияи “Хроники Туркменистана” хабар медиҳад. Президенти Туркманистон рӯзи 25-уми апрел дар чорабиниҳои ҷашни Рӯзи аспи давандаи ахалтекинӣ дар ипподроми Ашқобод иштирок кард. Ин ҷо дар мавзӯи зебоии аспҳои ахалтекинӣ, инчунин байни рассомону бофандагон ва заргарон […]

Ба раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба ифтихори ҷашни миллии Рӯзи аспи давандаи ахалтекинӣ 8 асп туҳфа карданд. Дар ин бора нашрияи “Хроники Туркменистана” хабар медиҳад.

Президенти Туркманистон рӯзи 25-уми апрел дар чорабиниҳои ҷашни Рӯзи аспи давандаи ахалтекинӣ дар ипподроми Ашқобод иштирок кард.

Ин ҷо дар мавзӯи зебоии аспҳои ахалтекинӣ, инчунин байни рассомону бофандагон ва заргарон дар мавриди беҳтарин зебу ороиши аспҳо озмунҳо гузаронида шуданд.

Ба ифтихори ҷашн ва арзи эҳтиром ба Бердимуҳаммедов ҳашт аспи зоти ахалтекинӣ ҳадя карда шуд: яктогӣ аз панҷ вилоят ва шаҳри Ашқобод, якто аз номи ҳарбиёну мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва яктои дигар аз номи ҳамаи асппарварони кишвар.

Президенти Туркманистон ба яке аз аспҳои туҳфашуда савор шуда, каме дар ипподром бо он гаштугузор кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.