Tcell ба суръати 4G дар Боми Ҷаҳон тақвият мебахшад

Иттилоияи расмӣ

Ширкати Tcell шабакаашро дар ВМКБ тавсеа ва рушд медиҳад. То имрӯз дар шаҳри Хоруғ 4 пойгоҳи базавӣ бо стандарти 4G насбу барқарор гардида, қариб тамоми ҳудуди шаҳрро бо интернети балансуръат таъмин менамоянд. 

Шаҳри Хоруғ – маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.Ба шароити сахт ва дурдастӣ аз пойтахти кишвар нигоҳ накарда, Хоруғ сатҳи баланди омӯзишу парваришро дар худ дорад – дар ин ҷо се муассисаи таҳсилоти олӣ фаъолият карда, ҳамасола садҳо мутахассиси ҳирфаиро омода месозанд. Ҳамзамон, марказҳои бузурги тиҷоратӣ, корхонаҳои саноатӣ, идораву тарабхона ва меҳмонхонаҳо дар Хоруғ зиёданд.       

Бо дарки зарурияти таъмини иртиботи боэътимоду устувор ва муосир барои шаҳр, Tcell нахустин ширкате буд, ки дар соли 2018 сокинони Хоруғро бо алоқаи стандарти 4G таъмин кард.

Имрӯз, қариб тамоми қаламрави шаҳр бо алоқаи 4G фаро гирифта шудааст, ки ҳангоми кор бо Интернет муассирӣ ва иҷрои фаврияти онро таъмин менамояд. Сокинон ва меҳмонони шаҳри Хоруғ метавонанд аз алоқаи боэътимоди насли чоруми Tcell истифода бурда, барои худ имкониятҳои навро кашф намоянд. Ин навоварӣ (инноватсия) ба сокинони шаҳри Хоруғ имкон медиҳад, ки ба тамоми захираҳои шабакаи глобалӣ: омӯзишӣ-таълимӣ, иттилоотӣ ва фароғатӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

Ба шароити мушкил ва дурдастии кӯҳистон нигоҳ накарда, ширкати Tcell ба тақвият ва тавсиаи шабака дар ин минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.Тсеll ҳамвора барои рушду пешрафт ва таҷдиди инфрасохтори худ сармоягузорӣ мекунад.    

___________________

   Tcell –  бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...