Клипи нави Нигина Амонқулова бо иштироки 40 ситораи шоубизнес

Сарояндаи шинохтаи тоҷик Нигина Амонқулова рӯзи 27 апрел таҳти унвони “Фиребо” клип (намоҳанг)-и таронаи навашро нашр кард. Дар сабти ин клип беш аз 40 нафар ситораҳои шоубизнеси тоҷик – сарояндагону оҳангсозон, рӯзноманигорону ҳунармандон иштирок кардаанд. Нахустнамоиши клип рӯзи 27 апрел дар YouTube – шабакаи «Qiam Entertainment» баргузор шуд. Оҳанги тарона ба худи Нигина Амонқулова тааллуқ […]

Сарояндаи шинохтаи тоҷик Нигина Амонқулова рӯзи 27 апрел таҳти унвони “Фиребо” клип (намоҳанг)-и таронаи навашро нашр кард.

Дар сабти ин клип беш аз 40 нафар ситораҳои шоубизнеси тоҷик – сарояндагону оҳангсозон, рӯзноманигорону ҳунармандон иштирок кардаанд.

Нахустнамоиши клип рӯзи 27 апрел дар YouTube – шабакаи «Qiam Entertainment» баргузор шуд. Оҳанги тарона ба худи Нигина Амонқулова тааллуқ дошта, коргардони клип Меҳроби Мирзо мебошад.

“Фикри сабти клип – гирдиҳам овардани шахсони эҷодкори Тоҷикистон, бори дигар ёдрас кардани дӯстиву рафоқат ва омодагӣ ба дастгирии ҳамдигар аст, – гуфт ба “Азия-Плюс” муаллифи матни тарона Орзу Исоев. – Тамоми қисмати техникии клипро мутахассисони тоҷик омода карданд. Тавре маълум аст, аксари овозхонҳои мо клипҳояшонро дар берун аз ҳудуди кишвар – Дубай, Тошкнад ва дигар шаҳрҳо сабт мекунанд. Акнун мутахассисони мо нишон доданд, ки аз ҳамтоҳои хориҷии худ ҳеҷ камие надоранд”.

Ҳунарманди маъруфи тоҷик Моҳпайкар Ёрова, ки дар саҳнаҳои клип ҳузур дорад, ба “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки ин фикр ба ӯ писанд омада, бо камоли майл розӣ шудааст, ки дар сабти клип иштирок кунад.

“Ба назарам, дар Тоҷикистон  ин гуна клип бори нахуст наворбардорӣ мешавад. Ҷараёни сабти он бароҳату гуворо сурат гирифт, зеро шахсоне ҷамъ шуданд, ки ҳар яке дар соҳаи худ соҳибкасбу варзида аст”, – гуфт ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.