Ҳукумати Суғд барои пешгирии паҳншавии коронавирус 6,5 млн сомонӣ ҷудо кард

Аз буҷети давлатӣ 6,5 миллион сомонӣ барои пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 дар вилояти Суғд  ҷудо шудааст. Имрӯз, 27-уми апрел зимни ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятии зиддиэпидемикӣ дар ин бора маълумот дода шуд. “Тибқи иттилои сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода, бо харҷи 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ маҳлулҳои безараркунанда, ниқобҳои махсуси тиббӣ ва антисептикҳо харидорӣ шуданд. Ҳамзамон ба […]

Афзал Босолиев, махсус барои Asia-Plus

Аз буҷети давлатӣ 6,5 миллион сомонӣ барои пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 дар вилояти Суғд  ҷудо шудааст.

Имрӯз, 27-уми апрел зимни ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятии зиддиэпидемикӣ дар ин бора маълумот дода шуд.

“Тибқи иттилои сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Фаррух Мақсудзода, бо харҷи 2 миллиону 100 ҳазор сомонӣ маҳлулҳои безараркунанда, ниқобҳои махсуси тиббӣ ва антисептикҳо харидорӣ шуданд. Ҳамзамон ба маблағи 4 миллиону 400 ҳазор сомонӣ дастгоҳҳои зарурии тиббӣ, аз қабили ИВЛ, кардиомонитор, пулси оксиметрӣ, инчунин корҷомаҳои тиббӣ ва 40 намуди доруворӣ хариданд”, – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилоят.

Ба қавли манбаъ, дар зарурат боз иловатан маблағ ҷудо карда мешавад.

Давоми чанд шабонарӯзи охир дар шаҳри Хуҷанд кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо, истгоҳҳо, роҳравҳо, даромадгоҳи хонаҳои баландошёна ва ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпедимологӣ дезинфексия карда мешаванд.

Сардори ин марказ Эҳсон Саидов гуфт: “Се шабонарӯз инҷониб 15-18 нафар кормандону мутахассисон ҷойҳои ҷамъиятиро бо маҳлулҳои махсус безарар мекунанд. Асосан, ин корҳоро мо шабона баъд аз соатҳои 23 ё 24, вақте мардум дар хонаҳояшон ҳастанд, амалӣ мекунем”.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар вилояти Суғд онҳоро бо техника ва маҳлулҳо таъмин кардаанд. Ҳоло 22 таҷҳизоти дастӣ ва як нақлиёти обпош барои корҳои безараргардонӣ истифода мешаванд.

Ҳамзамон аз хадамоти матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд, ки безараргардонӣ бо маҳлулҳои махсус дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд роҳандозӣ шудааст.

Имрӯз вобаста ба пешгирии COVID-19 гурӯҳи безараргардонии раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд низ беш аз 10 бинои баландошёнаи маҳаллаи 32-юми шаҳри Хуҷандро бо истифода аз дорупошакҳои муҳаррикдор ва маҳлули гипохлорид натрий дезинфексия кард.

Сухангӯйи ин ниҳод Шаҳзода Бутаева қайд кард, ки безараргардонӣ марҳила ба марҳила на танҳо дар Хуҷанд, балки дар дигар шаҳру навоҳии вилоят низ амалӣ хоҳад шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.