Дар Хуҷанд оқибатҳои офати табииро рафъ месозанд

Баҳром Файзуллоев, махсус барои Asia-Plus

Шоми гузашта бар асари вазидани шамоли сахт ва борони пуршиддат дар маҳаллаҳои мухталифи шаҳри Хуҷанд ба иншоот зарари моддӣ расонида шуд.

“Шамоли сахт даҳҳо бех дарахтони азимҷуссаро решакан карда, аз афтодани онҳо дар навбати худ, иншооти гуногун осеб дид. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд Маъмурхон Юсуфов.

Ба гуфтаи ӯ, дар баробари рух додани офати табиӣ таҳти роҳбарии раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ситод ташкил шуда, масъулини дахлдор барои бартараф кардани зарарҳои расонидашуда сафарбар гардиданд.

Тибқи иттиллои масъулини Сарраёсати ободонӣ, хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр, офати таббӣ асосан ба дарахтону ноқилҳои барқӣ таъсир расонид. Канда шудани ноқилҳои барқӣ бар асари ба болои онҳо афтодани дарахтон, боиси як муддат қатъ гардидани барқ низ шуд. Таъмини шаҳр бо қувваи барқ таъҷилан барқарор шуд.

Ҷӯйборҳо бинобар боридони борони зиёд пур аз партов шуданд, ки аз тарафи кормандони корхонаи хизматрасонии нақлиёти санитарӣ бартараф карда мешаванд.

Иншооти гуногуни бунёдшаванда, ки ҳудудашон бо тунукаҳо иҳота шуда буд, бар асари вазидани шамол деворашон афтода, дар бархе маҳаллаҳо боиси халалдор шудани ҳаракати нақлиёт гардид, ки он низ бартараф мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар Душанбе низ шабонарӯзи гузашта шамоли сахту борон ва дар баъзе ҷойҳо жола борида, раъду барқ ба амал омад. Корбарони шабакаи Facebook аксҳоеро аз ин ҳодисаҳо нашр карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...