Наздики 740 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ба собиқадорони ҶБВ дар вилояти Суғд

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Бо қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ)-и солҳои 1941-1945 ҳудуди 740 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаи моддӣ расонида мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар он ҳалокшуда ба миқдори 4000 сомонӣ кумакпулии яквақта мегиранд.

Ба шахсоне, ки солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ бо яке аз медалҳои “Барои Ғалаба бар Германия дар ҶБВ”, “Барои Ғалаба бар Япония” ва “Барои меҳнати шоён дар ҶБВ”, ба миқдори 2000 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад.

Ҳамин тавр, ба 46 нафар иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва 2 нафар ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокшуда 192 ҳазор сомонӣ (4 ҳазор сомонигӣ) ва ба 273 нафар шахсони дар ақибгоҳ фаъолият кардаву дорандагони медалҳо 546 ҳазор сомонӣ (2 ҳазор сомонигӣ), дар маҷмӯъ наздики 740 ҳазор сомонӣ купакпулӣ тақдим мегардад.

Зикр шудааст, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан 4 нафар, Ашт 9 нафар, Бобоҷон Ғафуров 5 нафар, Бӯстон 1 нафар, Деваштич 6 нафар, Исфара 4 нафар, Конибодом 3 нафар, Куҳистони Мастчоҳ 1 нафар, Мастчоҳ 2 нафар, Панҷакент 2 нафар, Спитамен 2 нафар, Ҷаббор Расулов 5 нафар ва Шаҳристон 2 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд.

Тавре ба “Азия-Плюс” муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд Шавкат Алиев хабар дод, имрӯз калонсолтарин собиқадор дар қаламрави вилоят 102-сола ва хурдсолтарин 94-сола мебошанд.

Қобили зикр аст, ки беш аз 300 ҳазор зодагони Тоҷикистон, аз ҷумла 76 ҳазор нафар аз вилояти Суғд ба майдони набард сафарбар шуда, 45 ҳазор тоҷикистонӣ дар ақибгоҳ заҳмат кашиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...