Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз ВКХ хост, ба муҳоҷирони тоҷик кумак расонад

Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марҳилаи пандемияи COVID-19 берун аз кишвар мондаанд, нигарон буда, бо ирсоли нома ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хостори дастгирии ҳамватанон шудаанд. “Дар шароити баста шудани кишварҳо ва сарҳадҳо аз сабаби пандемияи коронавирус, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки натавонистанд ба Тоҷикистон баргарданд, дар ҳолати осебпазир қарор гирифтаанд”, […]

Notorturetj.org

Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марҳилаи пандемияи COVID-19 берун аз кишвар мондаанд, нигарон буда, бо ирсоли нома ба Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хостори дастгирии ҳамватанон шудаанд.

“Дар шароити баста шудани кишварҳо ва сарҳадҳо аз сабаби пандемияи коронавирус, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, ки натавонистанд ба Тоҷикистон баргарданд, дар ҳолати осебпазир қарор гирифтаанд”, – менависанд муаллифони нома.

Дар муроҷиатнома зикр шудааст, ки муҳоҷирон ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шудаанд: аксари онҳо ҷойи кори худро аз даст додаанд ва дар натиҷа наметавонанд манзил иҷора гиранд ва инчунин воситаҳои рӯзгузаронӣ надоранд. Ин вазъ ҳамчунин аз ҷониби намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия эътироф карда шудааст. Аммо шумораи чунин шахсон мушаххас нашудааст.

“Вуҷуд надоштани маълумоти боэътимод дар бораи шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳоло берун аз қаламрави Тоҷикистон қарор доранд, оид ба эҳтиёҷоти мавҷуда ва корҳое, ки барои дастгирии ҳамватанони мо амалӣ шуда истодаанд, метавонад ба фаъолияти муассири мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа монеъ шавад ва қобилияти шарикони рушд ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ҷиҳати расонидани кумак ба онҳо маҳдуд менамояд”, – навиштаанд ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар тавқифгоҳҳои муваққатии нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия, аз ҷумла Екатеринбург ва Уфа қарор доранд, дар ҳолати вазнин афтодаанд.

“Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия Татяна Москалкова изҳор дошт, ки дар тавқифгоҳҳои муваққатии нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандоне нигаҳдорӣ мешаванд, ки бояд ба Тоҷикистон фиристода шаванд, аммо Тоҷикистон сарҳадро бастааст ва онҳоро қабул намекунад. Вай шарҳ дод, ки имрӯз дар Русия зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ки мехоҳанд ба ватан баргарданд, аммо бо сабаби баста шудани сарҳадҳо ин корро карда наметавонанд. Вазъият бо он сабаб мураккаб аст, ки онҳо баромада наметавонанд ва ҳамзамон озод карда намешаванд, ки ин дар навбати худ шартҳои будубошро дар муассисаи номбурда вайрон мекунад”, – зикр кардаанд муаллифони нома.

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ инчунин пешниҳоди маълумоти кушодаи зеринро дархост кардаанд:

1) Кадом кумак аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии ҶТ тавассути консулгариҳои он дар Федератсияи Русия баҳри муҳоҷироне, ки барои бозгашт ба Тоҷикистон эҳтиёҷ доранд, расонида мешавад, аз ҷумла:

– муҳоҷирони меҳнатие, ки дар минтақаҳои дурдасти Федератсияи Русия кор мекунанд;

– муҳоҷирони меҳнатие, ки дар шаҳрҳои гуногуни Русия, аз ҷумла Екатеринбург ва Уфа дар тавқифгоҳҳои муваққатии нигоҳдории шаҳрвандони хориҷӣ қарор доранд. Тавре таҷрибаи дигар кишварҳо нишон медиҳад, хатари сирояти коронавирус ба одамоне, ки дар муассисаҳои пӯшида ва нимпӯшида нигоҳ дошта мешаванд, хеле баланд аст.

2) Вазорати корҳои хориҷии ҶТ тавассути консулгариҳои он дар Федератсияи Русия барои муайян кардани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия карантин шудаанд, оё кумак мерасонад? Агар расонад, шарҳ диҳед, ки чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба коронавирус сироят ёфтаанд? Чанд нафари онҳо табобат мегиранд? Чанд нафари онҳо фавтидаанд?

3) Вазорати корҳои хориҷии ҶТ барои дастгирӣ ва расонидани кумак ба муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла дар расонидани кумаки моддӣ, иҷтимоӣ, иттилоотӣ кадом чораҳоро андешидааст ва оё ин барои тавсеаи мақом ва ҳифзи ҳуқуқашон оид ба вазъашон аз ҷониби мақомоти Русия мусоидат мекунад?

4) Вазорати корҳои хориҷии ҶТ бо созмонҳои ҷамъиятӣ, диаспора ва созмонҳои миллии фарҳангии тоҷикон дар Федератсияи Русия бо мақсади расонидани кумаки башардӯстона ва маълумотдиҳӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ гуна ҳамкориҳоро ба роҳ мондааст?

5) Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар минтақаҳои Федератсияи Русия бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандони ҶТ – муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия ва оилаҳои онҳо ҳангоми пандемияи COVID-19 чӣ гуна ҳамкорӣ менамояд?

6) Мақомоти ваколатдор оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ дар Федератсияи Русия чӣ гуна ба ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ки корфармоён дар робита бо COVID-19 поймол кардаанд, саҳм мегузорад?

Дар навбати худ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ дар ташкили фаъолият дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ барои паҳн намудани иттилооти зарурӣ оид ба хатари сироят ва роҳҳои ҳифз, дастрасӣ ба ёрии тиббӣ, ёрии ҳуқуқӣ ва дигар дастгирӣ, инчунин барқарор кардани иртибот бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаҳо дар Русияро, ки ёрии башардӯстона ва дигар намуди кумак мерасонанд, пешниҳод кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио