Кормандони бонкҳоро ба равона кардани маош ба дастгирии табибон даъват мекунанд

Раиси Раёсати БДА “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ аз ҳамаи кормандони бахши бонкии кишвар даъват кард, ки музди кори якрӯзаи худро ба суратҳисоби махсуси дастгирии кормандони тиббӣ дар мубориза бо COVID-19 равона кунанд. Худи Сироҷиддин Икромӣ дар пайравӣ ба раисҷумҳури Тоҷикистон маоши якмоҳаи худро ба ин суратҳисоб гузаронид. Қобили зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аввали моҳ маоши якмоҳаи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раиси Раёсати БДА “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ аз ҳамаи кормандони бахши бонкии кишвар даъват кард, ки музди кори якрӯзаи худро ба суратҳисоби махсуси дастгирии кормандони тиббӣ дар мубориза бо COVID-19 равона кунанд.

Худи Сироҷиддин Икромӣ дар пайравӣ ба раисҷумҳури Тоҷикистон маоши якмоҳаи худро ба ин суратҳисоб гузаронид.

Қобили зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон аввали моҳ маоши якмоҳаи худро (маблағ зикр намешавад) ба суратҳисоби мубориза бо коронавирус гузаронд. Раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ба ин амал пайравӣ карданд. Ҳайати раҳбарии ВКД низ 50%-и маоши якмоҳаи худро ба ин суратҳисоб равона кард.

Мувофиқи омори расмӣ, айни замон дар Тоҷикистон музди меҳнати кормандони низоми бонкӣ аз ҳама баландтар аст, ки ҳаҷми миёнаи моҳонаи он 3309 сомониро ташкил медиҳад. Ин қариб 3,7 баробар аз маоши миёнаи моҳонаи  табиб, 5,5 баробар – аз маоши миёнаи моҳонаи ҳамшираи шафқат ва 7,2 баробар – аз маоши миёнаи моҳонаи парасторон (ходими хурди тиббӣ, санитарка) зиёдтар аст.

Маоши миёнаи моҳонаи табибон ба 896 сомонӣ ва ҳамшираҳои шафқат ба 607 сомонӣ баробар буда, парасторон дар як моҳ 460 сомонӣ музди меҳнат мегиранд.

Ҳамчунин барои пардохти иловапулӣ ба табибон аз Фонди захиравии президенти кишвар 12,4 млн сомонӣ маблағ ҷудо шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.