Дар Суғд ба собиқадорони ҶБВ 4 ҳазор сомонигӣ ҷудо мекунанд

Мувофиқи қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ба ифтихори 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) ба 46 нафар собиқадорони ҷанг, ки дар шаҳру навоҳии вилоят зиндагӣ мекунанд, ба ҳар кадоме дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, инчунин ба ду ҳамсари бесаробонмондаи ҷанговарони ҳалокшуда […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Мувофиқи қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ба ифтихори 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) ба 46 нафар собиқадорони ҷанг, ки дар шаҳру навоҳии вилоят зиндагӣ мекунанд, ба ҳар кадоме дар ҳаҷми 4 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, инчунин ба ду ҳамсари бесаробонмондаи ҷанговарони ҳалокшуда низ ҳамин миқдор маблағ супурда мешавад.

Ҳамчунин тибқи қарори раиси вилоят, ба 273 нафар коргарони ақибгоҳи замони ҶБВ ба муносибати ид 2 ҳазор сомонигӣ кумакпулӣ тақдим мегардад.

Ғайр аз ин, барои дастгирии собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ раисони ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят вилоят низ кумакпулии яквақта ҷудо мекунанд.

Президенти Тоҷикистон то ҳол дар бораи кумакпулӣ ва дастгирии собиқадорони ҶБВ ба муносибати ҷашни Рӯзи Ғалаба ягон амре имзо накардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.