Амалиёти “Дорухона”: Оғози парванда нисбат ба 5 кас барои боло бурдани нархи доруворӣ

Asia-Plus

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе амалиёти шартии “Дорухона”-ро дар ҳудуди пойтахт роҳандозӣ кардааст. Барои ба таври сунъӣ боло бурдани нархи доруворӣ нисбат ба 5 нафар дар як рӯз парванда оғоз шудааст. Ҳамзамон дорувории онҳо мусодира гардидааст.

Дар доираи баргузории амалиёти шартии “Дорухона” муайян шудааст, ки баъди дар ҳудуди кишвар ба қайд гирифтани COVID-19 як гурӯҳ фурӯшандагони дорухонаҳо фазои сунъиро ба вуҷуд оварда, бо мақсади ба даст овардани даромади аз ҳад зиёд ба таври худсарона арзиши доруворӣ ва лавозимоти тиббиро боло бурдаанд.

“Мутаассифона, дар ҷомеаи мо ҳастанд нафароне, ки аз чунин вазъияти баамаломада бевиҷдонона истифода бурда, арзиши лавозимоти тиббӣ, аз ҷумла дастпӯшак, ниқобҳои тиббӣ ва намудҳои гуногуни дорувориро бо нархи даҳчанд гарон ба фурӯш мегузоранд”, – изҳор доштааст маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Кормандони милитсияи пойтахт дар давоми 1 рӯз 5 ҳолати ба таври сунъӣ боло бурдани арзиши доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ аз ҷониби фурӯшандаҳои дорухонаҳо, ҳамзамон ба фурӯш гузоштани дорувории муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқати сифат, дар ҳолати ғайрисанитарӣ омода намудани дастпӯшак ва либосҳои тиббии муҳофизатиро ошкор кардаанд.

https://www.youtube.com/watch?v=nAHZ8–sJWE

Шаби 4-уми май, тахминан соати 22:30 дақиқа зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Ёдгор Бойбобоев, соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ба фурӯш баровардани лавозимоти тиббӣ бо арзиши сунъии баланд дар дохили автомашинааш – тамғаи “Лексус”, рақами бақайдгириаш 8787RХ01 дастгир карда шуд.

Дар идомаи чорабиниҳои тафтишотӣ ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматиаш дар ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Зайнабобод як қатор лавозимоти тиббии ба таври худсохт омодашуда мусодира гардид: 15 ҳазору 600 адад даспӯшакҳои тиббии рангаш кабуд ва 88 ҳазор дастпӯшакҳои тиббии рангаш сафед, ки нархи як қуттии он 45 сомонӣ муқаррар шудааст, арзиши онро ба таври сунъӣ то 180 сомонӣ боло бурдааст. Ба ин монанд 290 адад ниқоби тиббиро, ки нархи як ададаш 2 сомонӣ тасдиқ шудааст, ба таври сунъӣ боло бурда, бо арзиши 10 сомонӣ ба фурӯш гузоштааст.

Ҳамчунин аз манзили зисти номбурда 59 адад айнаки тиббӣ, 10 ҳазор қуттии холӣ бо навиштаҷоти “Сабр” барои ҷойгир кардани дастпӯшакҳои тиббӣ, 50 адад қуттии “бахил”, 1000 дона чӯбчаи тиббии барои маҳлулгирӣ мусодира карда шуд. Дар доираи тафтишот муайян гардид, ки дастгиршуда бе маълумоти соҳавӣ ва гирифтани иҷозатномаи мақомоти ваколатдор дар шароити ғайрисанитарии хона ба омадасозӣ, нигоҳубин ва фурӯши маводи тиббӣ машғул шудааст.

Зикр мешавад, ки дастгиршуда Ёдгор Бойбобоев аз ҳисоби ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маҳсулоти доруворӣ ва фоидаи муфт бадастовардааш дар як муддати кӯтоҳ 2 мошини гаронарзиши хориҷии тамғаи “Лексус RX-350”-ро харидааст.

Дар идомаи амалиёт Файзулло Алиев дастгир шудааст, ки бо истифода аз вазъият арзиши маводи тиббиро худсарона чор-панҷ маротиба баланд бардошта, ба фурӯш мегузошт.

Нархи як капсулаи доруи “Арбидол” 40 сомонӣ муқаррар шудааст, вале ӯ арзиши онро ба таври сунъӣ боло бурда, дар вақти фурӯш бо нархи 250 сомонӣ дастгир карда шуд. Ғайр аз ин, номбурда 91 адад ниқоби дуфилтраи 20 сомонӣ арзишдоштаро 40 сомонӣ ва 19 адад хилъати тиббии 110 сомонӣ арзишдоштаро 220 сомонӣ ба фурӯш гузоштааст.

Ҳамчунин кормандони милитсия дар ду ҳолат аз дорухонаҳои ҶДММ «Ориёнфарм» ва ҶСП «Азиз-вако» дар маҷмӯъ 95 капсулаи «Арбидол», миқдори зиёди дорувориҳои «Батферон», «Анаферон» ва «Сиклоферон»-ро мусодира карданд, ки нисбат ба арзиши аслияшон чанд маротиба боло буда, ба фурӯш гузошта мешуданд. Дар натиҷа нисбат ба нафароне, ки даст ба қонуншиканӣ заданд, мавод барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ тартиб дода шуда, дар баррасӣ қарор дорад.

Ҳамаи доруворӣ ва лавозимоти тиббии мусодирашуда тавассути сохторҳои тандурустии шаҳри Душанбе ба беморхонаҳои пойтахт тақсим карда шудааст.

Баргузории амалиёти шартии “Дорухона” аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади ошкорсозии ҳолатҳои ба таври сунъӣ ва худсарона боло бурдани арзиши маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...