Бонки миллӣ овозаҳои сироятёбии кормандонашро бардурӯғ хонд

Бонки миллии Тоҷикистон овозаҳои гирифтори коронавирус шудани кормандонашро рад кардааст. “Маълумот дар хусуси бемории кормандони Бонки миллӣ асоси воқеӣ надошта, қисме аз кормандон дар рухсатии меҳнатии нақшавӣ қарор доранд ва кормандони боқимонда ба иҷрои вазифаҳои худ идома дода истодаанд”, – қайд шудааст дар хабари сомонаи БМТ. Дар идомаи он гуфта мешавад, “баъзе аз нафарони ҳангоматалаб аз пайдоиши […]

Бонки миллии Тоҷикистон овозаҳои гирифтори коронавирус шудани кормандонашро рад кардааст.

“Маълумот дар хусуси бемории кормандони Бонки миллӣ асоси воқеӣ надошта, қисме аз кормандон дар рухсатии меҳнатии нақшавӣ қарор доранд ва кормандони боқимонда ба иҷрои вазифаҳои худ идома дода истодаанд”, – қайд шудааст дар хабари сомонаи БМТ.

Дар идомаи он гуфта мешавад, “баъзе аз нафарони ҳангоматалаб аз пайдоиши ин бемории сироятӣ дар Тоҷикистон истифода карда, кӯшиш намуда истодаанд, ки мардумро ба таҳлука андозанд”.

Ҳамчунин зикр шудааст, ки “рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои ҳангомаҷӯ хабарҳои бардурӯғ дар хусуси гирифтори бемории илтиҳоби шуш (пневмония) ва бистарӣ гардидани муовини якум ва муовини раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев ва Ҳамидулло Машрабзода, инчунин кормандони БМТ маълумоти таҳрифшуда ва дур аз воқеият ба нашр расиданд”.

“Бонки миллии Тоҷикистон расман изҳор менамояд, ки ин хабарҳо асоси воқеӣ надошта, Ҷамолиддин Нуралиев ва Ҳамидулло Машрабзода сиҳату саломат ва дар дафтари корӣ аз пайи иҷрои вазифаҳои худ мебошанд”, – таъкид шудааст дар хабар.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.