Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ оид ба коронавирус дар “Коммерсбонк Тоҷикистон”

ҶСК “Коммерсбонк Тоҷикистон” дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Донишкадаи маълумоти баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустии кишвар маркази робитаи шабонарӯзӣ оид ба масоили"COVID-19" таъсис доданд, ки бо реҷаи 24/7 фаъолият мекунад. Дар ин бора дар саҳифаи бонк дар Facebook хабар дода мешавад. Барои машварат ва дарёфти дигар маълумот дар бораи кумак […]

ҶСК “Коммерсбонк Тоҷикистон” дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ва Донишкадаи маълумоти баъдидипломӣ дар соҳаи тандурустии кишвар маркази робитаи шабонарӯзӣ оид ба масоили"COVID-19" таъсис доданд, ки бо реҷаи 24/7 фаъолият мекунад.

Дар ин бора дар саҳифаи бонк дар Facebook хабар дода мешавад.

Барои машварат ва дарёфти дигар маълумот дар бораи кумак ба рақами кӯтоҳи 311 занг задан лозим аст.

Маркази хизматрасонӣ дар бинои дафтари кории асосии ҶСК “Коммерсбонк Тоҷикистон” воқеъ буда, бо тамоми зерсохтори зарурӣ ва таҷҳизот таъмин шудааст.

Дар он беш аз 30 нафар мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба аҳолӣ дар шакли машварат оид ба масоили пешгирӣ, аломатҳои вирус ва муолиҷаи он кумаки касбӣ расонида, ба сурати умум доир ба вирус маълумоти зарурӣ пешниҳод мекунанд.

Қобили зикр аст, ки кормандони маркази хизматрасонӣ бо маоши шоиста, 3 вақт хӯроки гарм ва нақлиёт таъминанд. Ҳамаи хароҷоти вобаста ба фаъолияти ин марказ пурра аз ҳисоби ҶСУ “Коммерсбонк Тоҷикистон” пардохта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.