Ба ҳар кадоме аз собиқадорони ҶБВ аз номи Эмомалӣ Раҳмон 6 ҳазор сомонӣ тақдим мешавад

Барои ҳавасмандгардонии 168 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ифтихори 75-солагии Рӯзи Ғалаба аз Фонди захиравии Сарвари давлат беш аз 1 млн сомонӣ маблағ ҷудо мешавад. Ба 168 нафар собиқадорони ҶБВ, ки дар қаламрави кишвар зиндагӣ мекунанд, кумаки яквақтаи молиявӣ дода мешавад. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат хабар доданд, ҳар кадоме аз онҳо […]

Барои ҳавасмандгардонии 168 собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ифтихори 75-солагии Рӯзи Ғалаба аз Фонди захиравии Сарвари давлат беш аз 1 млн сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.

Ба 168 нафар собиқадорони ҶБВ, ки дар қаламрави кишвар зиндагӣ мекунанд, кумаки яквақтаи молиявӣ дода мешавад.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат хабар доданд, ҳар кадоме аз онҳо бо 6 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ низ дар бораи ба 46 собиқадори пойтахт ҷудо кардани 1,5 ҳазор сомонигӣ қарор имзо кард. Коргарони ақибгоҳ, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, рафъкунандагони оқибатҳои садамаи неругоҳи атомии Чернобил ҳар кадоме 800 сомонӣ кумакпулӣ мегиранд.

Бо қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ)-и солҳои 1941-1945 ба маблағи умумии ҳудуди 740 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаи моддӣ расонида мешавад.

Иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар он ҳалокшуда ба миқдори 4000 сомонӣ кумакпулии яквақта мегиранд.

Ба шахсоне, ки солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ яке аз медалҳои “Барои Ғалаба бар Германия дар ҶБВ”, “Барои Ғалаба бар Япония” ва “Барои меҳнати шоён дар ҶБВ” супорида шуд, ба миқдори 2000 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад.

Ҳамин тавр, ба 46 нафар иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва 2 нафар ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокшуда 192 ҳазор сомонӣ (4 ҳазор сомонигӣ) ва ба 273 нафар шахсони дар ақибгоҳ фаъолият кардаву дорандагони медалҳо 546 ҳазор сомонӣ (2 ҳазор сомонигӣ) тақдим мегардад.

Илова бар ин, раисони ҳамаи шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо низ ба собиқадорон кумакпулӣ ҷудо мекунанд.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 168 собиқадори ҷанг боқӣ мондаанд. Соли гузашта шумори онҳо 242 нафарро ташкил медод. Собиқадори хурдсолтарин 92-сола ва калонсолтарин 105-сола мебошанд.

Дар майдонҳои набарди ҶБВ наздики 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ҷангидаанд. Аз ин шумор 92 ҳазор ҳалок ва бе ному нишон шуда, ба 65 кас унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд, 15 нафар бо ордени “Шараф” ва боз 55 ҳазор кас бо ордену медалҳои дигар мукофотонида шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.