Коронавирус дар Тоҷикистон: Одамони одӣ барои табибон чизҳои зарурӣ мехаранд

Сокинони шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Амалиёти ВМИ Хуҷанд” (Операция СИЗ Худжанд) ситоди мубориза бо пандемияи коронавирус ташкил карданд, ки ба ҳайати он намояндагони муассисаҳои тиббӣ, таксиронон, фаъолон, соҳибхоназанон ва шахсони одӣ шомиланд. Корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби намояндагони ситоди шаҳри Хуҷанд дар саҳифаҳои худ суратҳисоб барои гузаронидани маблағро нашр карданд, ки аллакай дар ду […]

Сокинони шаҳри Хуҷанд таҳти унвони “Амалиёти ВМИ Хуҷанд” (Операция СИЗ Худжанд) ситоди мубориза бо пандемияи коронавирус ташкил карданд, ки ба ҳайати он намояндагони муассисаҳои тиббӣ, таксиронон, фаъолон, соҳибхоназанон ва шахсони одӣ шомиланд.

Корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби намояндагони ситоди шаҳри Хуҷанд дар саҳифаҳои худ суратҳисоб барои гузаронидани маблағро нашр карданд, ки аллакай дар ду рӯзи аввал наздики 50 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шуд.

“Хурсандам, ки мардум дар як киштии умумӣ қарор доштани ҳамаамонро дарк карданд. Бо наҷоти табибон мо ҳаёти худро эмин нигоҳ медорем, – мегӯяд Зебуннисо Солиева, тоҷирзан ва яке аз ташаббускорони асосии ин иқдом. – Айни замон аз мардуми саросари дунё: ИМА, Русия, кишварҳои Аврупо ва худи Тоҷикистон кумаки беғаразона мерасад. Ҳамзамон аз муассисаҳои тиббӣ дархостҳо ворид шуда истодаанд”.

Тамоми чизҳое, ки аз ҷониби давлат ба табибон дода шуд, ба охир расида истодааст ва тавре маълум шуд, ивази либоси муҳофизатӣ хеле гарон меафтад. Аз ин рӯ, мувофиқи имкон мехоҳем, ки онҳоро бо ҳамаи чизҳои зарурӣ таъмин кунем. Ҳамаи дархосту маблағҳои пулии воридшуда ва талаботи иҷрошударо дар Google Docs сабт мекунем ва ҳар кадоме мувофиқи хоҳиш метавонад ба он ворид шуда, бубинад, ки кумакаш барои чӣ сарф мешавад.

Ба гуфтаи Зебуннисо, омили муҳим он аст, ки либоси муҳофизатӣ дар коргоҳҳои маҳаллӣ дӯхта мешаванд. Камбуди асосӣ набудани респираторҳо мебошад, ки ҳатто дар Аврупо дар фурӯш набуда, респираторҳои дорухонаҳои маҳаллӣ хеле гаронарзишанд ва ба меъёрҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҷавобгӯ нестанд.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ айни замон масъалаи ба роҳ мондани истеҳсоли ниқобҳои истифодаашон якчанд бор ва кумак ба харидории дорувориҳои тиббии пешгирикунандаро баррасӣ мекунанд.

Як миқдор кумакҳои тиббӣ аллакай ба дармонгоҳи №5-и шаҳри Хуҷанд, таваллудхонаи шаҳрӣ, беморхонаҳои шаҳри Бӯстон, маҳаллаҳои аҳолинишини Сойча ва Ёва, шуъбаҳои беморхонаҳои вилоятӣ ва сироятӣ расонида шуданд.

Ин иқдоми наҷиб аз ҷониби сокинони дигар ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла фаъолони ноҳияи Ҷаббор Расулов дастгирӣ ёфт, ки дар он ҷо низ камбуди воситаҳои тиббии муҳофизати инфиродӣ эҳсос мешавад. Фаълони ноҳия ситоди худро ташкил карда, сокинонро ба муттаҳид шудан баҳри ҳалли ин мушкилот даъват карданд.

“Табибон бояд дастгирии мардумро эҳсос кунанд”

Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба табибон натанҳо дар таъмин бо воситаҳои муҳофизати инфиродӣ кумак мекунад, балки барои онҳо ғизои гарм низ ташкил кардааст.

Молики қаҳвахонаи “4+” Азамат Зумратов тасмим гирифтааст, ки кормандони тиббиро бо хӯроки нисфирӯзӣ таъмин мекунад ва ин ғизоро ба беморхонаҳо мерасонад. Айни замон бо сабаби моҳи Рамазон қаҳвахона баста аст. Ӯ ҳамаи онҳоеро, ки табибонро бо хӯроки гарм таъмин карданиянд, ба муттаҳидшавӣ даъват намуда, ба онҳо ошхонаи қаҳвахонаи муҷаҳҳаз бо ҳама таҷҳизотро барои пухтупаз пешниҳод кард.

“Ҳозир кори табибон хеле душвор аст. Онҳо шабонарӯзӣ дар сафи пеши муқовимат фаъолият дошта, аз лиҳозӣ рӯҳӣ хеле хаста мешаванд, – мегӯяд Азамат. – Дар ин давраи душвор мо бояд ба онҳо кумак расонем. Онҳо бояд дастгирии мардумро эҳсос кунанд, ки шояд ин ба онҳо неруи иловагӣ бахшад. Бахусус, дар моҳи барои мусулмонон шарифи Рамазон мо бояд корҳои нек анҷом диҳем”.

Ӯ изҳори умедворӣ кардааст, ки ба ин иқдом сокинони дигар низ мепайванданд: “Метавон бо ҳама гуна маҳсулот кумак кард. Мо аз онҳо хӯроки гарм пухта, худамон ба беморхонаҳо мерасонем. Чунин хӯрокҳои гармро мо натанҳо ба табибон, балки барои бемороне, ки пайвандонашон мушкилоти молиявӣ доранд, тайёр карданием”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.