Зиндагии донишҷӯёни хориҷӣ дар Тоҷикистон давоми таътили маҷбурӣ

Донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон бар асари хуруҷи коронавирус ба таътили ғайринақшавӣ баромаданд. Донишҷӯёни маҳаллӣ ба хонаҳояшон рафтанд, аммо вазъияти донишҷӯёни хориҷӣ, ки бинобар сабаби баста будани сарҳадҳо ба ватан баргашта наметавонанд, чӣ гуна аст? Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки вазъи донишҷӯёни хориҷӣ “таҳти назорати дақиқи вазорат […]

Донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон бар асари хуруҷи коронавирус ба таътили ғайринақшавӣ баромаданд. Донишҷӯёни маҳаллӣ ба хонаҳояшон рафтанд, аммо вазъияти донишҷӯёни хориҷӣ, ки бинобар сабаби баста будани сарҳадҳо ба ватан баргашта наметавонанд, чӣ гуна аст?

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки вазъи донишҷӯёни хориҷӣ “таҳти назорати дақиқи вазорат ва ректорон қарор дорад”.

“Дар ҷаласа бо ректорон вазир супориш дод, ки вазъи донишҷӯёни хориҷӣ зери назорат ва ба ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат карда шавад. Ба донишгоҳҳо дастур дода шуд, ки барои донишҷӯёни хориҷӣ хобгоҳҳои алоҳида ҷудо карда, дар онҳо шароити хуб фароҳам кунанд. Ҳамчунин муовинони ректорон оид ба робитаҳои байнулмилалӣ вазифадор шуданд, ки дар сурати зарурат ба дароз кардани муҳлати раводид ва дигар ҳуҷҷатҳо мусоидат кунанд”, – иттилоъ дод котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Эҳсони Хушбахт.

Ба гуфтаи ӯ, агар донишҷӯйи хориҷӣ дар хобгоҳ зиндагӣ накунад ҳам, метавонад ба раҳбарият муроҷиат намояд ва онҳо мувофиқи имкон ба ӯ кумак мерасонанд.

Зиқу дилтанг мешавем, лекин дигар илоҷ нест

Зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” донишҷӯёни хориҷӣ изҳор доштанд, ки давраи таътил мустақилона ба омӯзиш машғул шуда, боз шудани сарҳадҳоро мунтазиранд.

“Ман аз аввал хона иҷора гирифта, ҳозир бо дӯстонам дар он зиндагӣ дорем. Таътил аст, вале ба хона рафта наметавонем. Ба кӯча баромадан ҳам тавсия намешавад, аз ин рӯ, дар хона нишаста, ба худомӯзӣ машғулем. Интизорем, кай сарҳадро боз кунанду ба хона равем. Хонаро хеле пазмон шудаем”, – гуфт Ом Пракаш (Om Prakash) аз Ҳиндустон, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон.

Донишҷӯйи дигари Донишгоҳи тиббӣ аз Ҳиндустон Роҳид Парихар изҳор дошт, ки ҳамроҳи дӯстонаш дар хобгоҳ иқомат карда, барқарор шудани парвозҳо ё хатсайри махсусро ба хонаашон мунтазир аст.

Донишҷӯйи Донишгоҳи миллӣ аз Қазоқистон мегӯяд, ҳозир айни вақти мустақилона ба омӯзиш машғул шудан аст.

“Шароити хобгоҳ хуб аст, ин ҷо ман бо донишҷӯён аз Қирғизистон зиндагӣ мекунам. Ба мо таътил дода, баҳоямонро ба таври автоматӣ аз рӯйи баллҳои пешина гузоштанд. Чун имкони ба ватан баргаштан нест, лозим меояд, ки дар ҳуҷраи хобгоҳ нишаста, китоб хонем ва давраҳои таҳсили онлайниро аз рӯйи ихтисос гузарем. Албатта, хонаро пазмон шудаем, лекин ин ҷо ҳам хуб аст”, – изҳор дошт Раимбек Турдиев.

Ёдрас мекунем, ки барои донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ аз 4-уми майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд. Имтиҳоноти тобистонаи ин донишҷӯён аз рӯйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад. Хатмкунандагони макотиби олӣ бояд то 15-уми май имтиҳоноти худро супоранд.

Чаро хориҷиён мактабҳои олии Тоҷикистонро интихоб мекунанд? Ин навори видеоро тамошо кунед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.