Иттиҳоди Аврупо ҳукумати Тоҷикистонро ба риояи озодии мутлақи баён ва озодии ВАО даъват кард

“Дар мавриди Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, сафорати Олмон ва сафорати Фаронса дар Тоҷикистон нақши муҳими васоити ахбори умум ва рӯзноманигорони касбии тоҷикро таъкид намуда, ба онҳо барои саъю талош ва фидокорӣ дар хидмат ба ҷомеа изҳори сипос мекунанд”, – қайд мешавад дар Изҳороти маҳаллии Иттиҳоди Аврупо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот. […]

“Дар мавриди Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо, сафорати Олмон ва сафорати Фаронса дар Тоҷикистон нақши муҳими васоити ахбори умум ва рӯзноманигорони касбии тоҷикро таъкид намуда, ба онҳо барои саъю талош ва фидокорӣ дар хидмат ба ҷомеа изҳори сипос мекунанд”, – қайд мешавад дар Изҳороти маҳаллии Иттиҳоди Аврупо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ҳангоми иҷрои чунин вазифаҳои муҳим барои ҷомеа, рӯзноманигорони мустақил набояд зери фишори таҳдид ва уҳдадории созиш бо виҷдони касбию меъёрҳои худ қарор бигиранд.

“Дар замони номуайянӣ дастрасӣ ба иттилооти дақиқ ва саҳеҳ муҳим аст. Пандемияи ҷаҳонии Covid-19 бори дигар исбот кард, ки иттилооти саривақтӣ ва дақиқ метавонад ҳаёти одамонро наҷот диҳад”, – омадааст дар изҳорот.

Дар он таъкид мешавад, ки “шукуфоии дарозмуддат, амният ва суботи Тоҷикистон, инчунин устувории ҷомеаи он риояи пурраи уҳдадорӣ оид ба ҳифзи озодии баён, сохтори пурҳаракату гуногуни васоити ахбори омма ва риояи ҳуқуқи рӯзноманигорон ба кор бидуни сензура ё тарси интиқомро тақозо мекунад”.

Дар ин росто Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки уҳдадориҳои байнулмилалии ҳуқуқи инсонро, ки дар Конвенсияи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ шудаанд, пурра иҷро намояд ва риояи озодии мутлақи баён ва озодии ВАО-ро бе маҳдудият ҳам дар режими онлайн ва ҳам оффлайн таъмин кунад.

“Ғайр аз ин, – зикр шудааст дар изҳорот, – ҳангоми иҷрои чунин вазифаҳои муҳим барои ҷомеа, рӯзноманигорони мустақил набояд зери фишори таҳдид ва уҳдадории созиш намудан бо виҷдони касбӣ ва меъёрҳои худ қарор бигиранд, то ки вазъи кории худ, воситаи ахбори умум, ки дар он кор мекунанд, сабти ном (аккредитасия) ва амнияти шахсии худро зери хатар нагузоранд”.

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо итминони комил доранд, ки дастрасӣ ба интернети босуръат ва истифодаи бемамониати захираҳои расонаӣ на танҳо барои озодии ВАО дар Тоҷикистон, балки барои рушди иқтисодии кишвар низ муҳим мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.